Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои қудратӣ барои таъмини оромию субот дастурҳои мушаххас дод
Имрӯз, 11-уми июн президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба онҳо ҷиҳати таъмини амният ва оромию субот дастурҳои мушаххас додааст.
Дар ин хусус дафтари матбуоти Президент хабар дода, навиштааст, ки дар машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилоъ, президенти кишвар вазъи кунунии ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, ба мақомоти ҳизфи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба ҳифзи амният ва оромию субот супориш додааст. Ҳамчунин, Сарвари давлат оид ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омода кардани кадрҳои соҳибтаҷриба дар сохторҳои қудратӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”