27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
11.06.2025 11:44

Расулзода самоягузорони Форуми Тошкандро ба Форуми сармоягузории Душанбе даъват кард

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ширкат намуд. Дар форум Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, имкониятҳои Тоҷикистон дар заминаи сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро муаррифӣ намуд.

Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз шуд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шудани ин ҳамоиши сатҳи баландро иқдоми бисёр муҳим дар густариши ҳамкориҳои соҳибкорон ва сармоягузорон арзёбӣ кард.

Қоҳир Расулзода дар ҷараёни суханронӣ дар форуми мазкур ба шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, афзуд, ки тайи ҳашт соли ахир Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бо суръати миёнаи 8, 5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, таъсиси панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, дастгирии пайвастаи бахши хусусӣ ва ҷалби технологияҳои пешрафта заминаи рушд ва густариши саноат ва бахши иҷтимоиро фароҳам овардаанд. Ӯ ишора намуд, ки фақат дар панҷ соли ахир ҳаҷми сармоягузории ҷалбшуда ба иқтисоди Тоҷикистон 11, 6 миллиард долларро ташкил додааст.

Бар асоси иттилои расонаҳои Ӯзбекистон дар форуми байналмилалии сармоягузории шаҳри Тошканд шумори зиёди роҳбарони давлату ҳукуматҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва соҳибкорон иштирок намудаанд.

Дар ин форум Қоҳир Расулзода шарикони рушд ва соҳибкоронро барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest 2025", ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар доираи ин форум мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд. Дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ду кишварро робитаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми дуҷониба ба ҳам мепайвандад.

Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуда, дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва лоиҳаҳои муштараки минтақавиро мусбат арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои табиӣ ва энергетика таъкид намуданд.

“Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир шудани Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкандро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, фарогирии бахшу соҳаҳои навро дар робитаҳои дуҷониба ба нафъи ҳарду давлат донист”  - менависад хабаргузории “Ховар”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.