27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
11.06.2025 07:43

Пешниҳод: Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Кирмоншоҳ муносибатҳои “хоҳаршаҳрӣ” барқарор шавад

Раиси шаҳри Кирмоншоҳи Эрон дар мулоқот бо муовини раиси шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки миёни шаҳрҳои Кирмоншоҳ ва Душанбе муносибатҳои расмии “хоҳаршаҳрӣ” барқарор шавад. Ӯ гуфт, ки ин иқдом метавонад заминаи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, шаҳрсозӣ ва иқтисодии миёни ду кишварро суръат бахшад.

Дар мулоқоти ҳайати мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе бо сарварии муовини раиси шаҳр Одилзода Дилбар Раҳим бо Нодир Наврӯзӣ, раиси шаҳри Кирмоншоҳи Эрон масъалаи таҳкими робитаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Мо дар Душанбе ба ҳамкорӣ бо шаҳрдории Кирмоншоҳ тамоюли ҷиддӣ дорем ва шуморо ба сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват мекунем, то заминаи ин ҳамкорӣ васеътар шавад”- гуфт Одилзода Дилбар.

Ӯ афзуд, ки шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муҳимми адабӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва бо шавқ баргузории ҷашнвораи байналмилалии “Шоҳномахонӣ ва наққолӣ” дар Кирмоншоҳро пайгирӣ кардааст. Ӯ гуфт, Тоҷикистон омодааст дар ин замина низ ҳамкориҳои фарҳангиро ба роҳ монад.

Одилзода Дилбар, муовини раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин, аз баргузории форуми сармоягузорӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон хабар дода, раиси шаҳри Кирмоншоҳро барои ширкат дар он даъват намуд.

Нодир Наврӯзӣ, раиси шаҳри Кирмоншоҳ бо ишора ба “дипломатияи шаҳрӣ” дар густариши муносиботи давлатҳо гуфт: “Шоҳнома яке аз нуқтаҳои муштараки фарҳангии мост, ки метавонад заминасоз барои рушди равобити созанда бошад”. Ӯ пешниҳод кард, ки шаби фарҳангии муштарак миёни Кирмоншоҳ ва Тоҷикистон баргузор гардад, то робитаҳои фарҳангӣ ба таври амалӣ ва густурда идома ёбад.

Дар фарҷоми мулоқот Дилбар Одилзода туҳфаи расмии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба раиси шаҳри Кирмоншоҳ тақдим намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.