Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Кашфи 40 анбори махфии силоҳ, маводи тарканда ва тир дар Қазоқистон
Мақомоти полиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо гузаронидани амалиёти бузург бар зидди гардиши ғайриқонунии яроқ анборҳои пинҳонии нигаҳдории силоҳ ва тирҳоро кашф кардаанд.
Бар асоси гузориш, дар давоми панҷ рӯзи ахир дар саросари кишвар 40 анбори махфии силоҳ ва маводҳои тарканда кашф гардидааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дода, гуфтааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт тақрибан 400 адад силоҳ, беш аз 2500 тир ва 6 дастгоҳи таркандаи худсохт мусодира шудааст.
Дар миёни ашёҳои мусодирашуда силоҳ ва таҷҳизоте пайдо шудаанд, ки дар ҷараёни рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 ғорат шуда будаанд. Аз ҷумла ду автомати Калашников, чаҳор тӯфангча, чаҳор милтиқи шикорӣ ва ҳамчунин, жилетҳои муҳофизатӣ, кӯллоҳҳои пӯлодин ва сипарҳо.
Ин амалиёт далели идомаи талошҳои мақомоти қудратии Қазоқистон дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ ва бартараф сохтани паёмадҳои нооромиҳои моҳи январи соли 2022 мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”