Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Камбоҷаро ба Душанбе даъват карданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июн дар доираи Конфронси СММ оид ба уқёнус ва яхшиносӣ дар шаҳри Нитсаи Фаронса бо сарвазири Камбоҷа Ҳун Манет мулоқот анҷом доданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз 30-солагии барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ ёдовар шуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳоро таъкид карданд. Таваҷҷуҳи хос ба бахшҳои иқтисод, саноат ва фарҳанг равона гардид.
Ҳар ду раҳбар ҳамкориҳои байнипарлумониро муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон аз пуштибонии мутақобилаи ташаббусҳо дар созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мубориза бо тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои муҳити зист низ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот сарвазири Камбоҷа Ҳун Манетро ба сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”