Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон бо Эммануэл Макрон дар бораи иқлим, амният ва терроризм гуфтугӯ намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июн дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо бо Эммануэл Макрон, президенти Ҷумҳурии Фаронса мулоқот намуданд.
Роҳбарони ду кишвар зимни мулоқот роҷеъ ба вазъи феълӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Фаронса табодули назар карда, ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳим таъкид намуданд.
Президенти Фаронса бо изҳори сипос аз иштироки Президенти Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ нақши пешсафонаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, бахусус дар умури вобаста ба обу иқлим муҳим арзёбӣ намуд. Эммануэл Макрон Тоҷикистонро барои доир намудани муваффақонаи нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табрик гуфт.
Масоили рушди ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва истихроҷи захираҳои табиӣ дар меҳвари музокироти ду ҷониб қарор доштанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун омили муҳимми рушди муносибатҳои сиёсӣ таъкид намуданд. Сарони ду кишвар аз сатҳи равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин, ҳамкории муштарак дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, хусусан дар чорчӯби “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” (2025–2034) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарони ду кишвар мавқеи муштарак дар таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва мубориза бо хатарҳои терроризм ва ифротгароиро таъйид карданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот Эммануэл Макронро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”