Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи пиряхҳо бояд муштаракан саъю кӯшиш кунанд”
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) солҳои 2025-2034 ширкат ва суханронӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии ин даҳсолаи байналмилалӣ буда, дар солҳои ахир талошҳои пайваста барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обшавии пиряхҳо, танқисии об ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим анҷом додааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ чунин таъкид намуданд: “То 60 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, оби ин пиряхҳо на танҳо барои мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад”.
Сарвари кишвар бо ишора ба обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва таҳдидҳои он ба иқтисодиёту зиндагии мардум афзуданд, ки ин раванд ба беш аз як миллиард нафар дар минтақаҳои соҳиливу ҷазиракишварҳо то соли 2025 таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар шаҳри Душанберо эълом карданд. Ин марказ бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ таъсис ёфта, ҳадафаш таҳқиқ ва ҳамоҳангсозии иқдомҳо барои ҳифзи криосфера аст.
Чорабинии муҳимми байналмилалии мазкур дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус баргузор шуда, дар он роҳбарони 65 кишвари ҷаҳон, Дабири куллии СММ Антониу Гутерриш, президенти Фаронса Эммануил Макрон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Маросими ифтитоҳи Даҳсолаи илмҳои яхшиносӣ бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, пас аз он суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва Президенти Фаронса Эммануил Макрон ба ҳусни анҷом расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”