Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Фаронса ва ЮНЕСКО ба Париж сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (8-уми июн) бо даъвати расмии роҳбарияти Ҷумҳурии Фаронса ва ЮНЕСКО ба шаҳри Париж сафар карданд.
Ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), ки солҳои 2025-2034 идома меёбад, сурат мегирад.
Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул гардидааст.
Тавре дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, сарвари кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”