Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин дар бори масъалаи шарикӣ ва ҳампаймонӣ гуфтугӯ намуд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн Михаил Мишустин, сарвазири Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои рушди шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймониро мавриди гуфтугӯ қарор дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва дар маҷмуъ робитаҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Густариши муносибатҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу варзиш ҳам самтҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид. Ҳар ду ҷониб аз ҷараёни баргузории бомуваффақияти Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав ва Қазони Федератсияи Русия изҳори қаноат намуданд” – навишт дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Расонаҳои русӣ бо шарҳи баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин навиштанд, ки ду ҷониб бо ишора ба густариши муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ба таҳким додани робитаҳои шарикӣ таъкид намуданд. Бар асоси иттилоъ, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “равобити миёни ду кишвар дорои суръати баланди рушд мебошанд. Русия шарики муҳимми стратегии мо аст. Тақвияти бештари ҳамкорӣ бо он барои Тоҷикистон афзалияти махсус дорад”.
Михаил Мишустин дар ҷараёни мулоқот ба президенти Тоҷикистон паёми шодбошӣ ва дурудҳои президенти Русия Владимир Путинро расонида, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, кишоварзӣ, энергетика ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро муҳокима намуданд. Зикр шуд, ки дар чор моҳи нахусти соли ҷорӣ гардиши дуҷонибаи мол миёни ду кишвар 7 фоиз афзоиш ёфта, ба 44 миллиард рубл расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Михаил Мишустин бо сафари кории дурӯза барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Далватҳои Мустақил рӯзи 4-уми июн вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе сарвазири Федератсияи Русияро Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”