Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Душанбе ва Урумчӣ масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо муовини Котиби кумитаи ҳизбии вилояти мухтори Синҷон - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанба омадааст, мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Дар ин хусус дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин, масъалаи муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Урумчиро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои дуҷонибаро қаноатманд номида, азму иродаи худ барои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, ки барои ҳар ду ҷониб судманд аст, таъкид карданд.
Ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму технология, фарҳанг, сиёсати ҷавонону варзиш, тандурустӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва рушди кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рақамисозии иқтисодиёт, такмил додани идоракунии шаҳр ва фаъолсозии мубодилоти ҳайатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Урумчӣ 10-уми сентябри соли 1999 барқарор гардид ва дар тӯли солҳо соҳаҳои мухталиферо фаро гирифта, боиси таҳкими дӯстиву тафоҳуми дуҷониба гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”