27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
31.05.2025 20:52

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон маркази минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад

Дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ширкати беш 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвари ҷаҳон доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон дар конфронс суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба раванди босуръати обшавии пиряхҳо ва тағйири иқлим ҷалб намуданд. Сарвазир давлат таъкид намуданд, ки конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

Сарвари кишвар бо ишора ба “тағйирёбии иқлим, коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо ва оқибатҳои фоҷеабори он барои аҳолии сайёра” зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳони барои ҳалли мушкилоти мавҷуда талошҳои муштарак анҷом диҳад.

Тиқи иттилоъ, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ аст ва камшавии пиряхҳо на танҳо ба меросии табии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.

Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади мониторинги фарогирии пиряхҳо, ҳамчунин, барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи онҳо ҳамкории муассир бо ҳама шарикони рушд густариш дода шавад.

“Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, балки дар нигоҳдории устувори иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳамияти муҳим доранд ва зимнан ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад”, – таъкид намуданд президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷойгир будани беш аз 60 фисади пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон маркази яхшиносии минтақавӣ низ таъсис дода шавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.