Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Антонио Гуттериш дар мақари СММ
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе рӯзи 21 –уми май дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттериш мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни мулоқот таъкид намуд, ки ба рушди муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти хос медиҳад ва ин ниҳодро яке аз шарикони асосӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мешуморад.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз ҳолати ҳамкории рӯзафзуни Созмони Милал бо парламентҳои миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар хусуси саҳми мақомоти қонунгузори мамлакат, аз ҷумла Маҷлиси миллӣ дар амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи вазифаҳои “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои даври то соли 2030”, ки Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг шудаанд, гуфтугӯ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба башарият, пешгирии офтаҳои табиӣ, ҳизфи пиряхҳоро баррасӣ намуданд. Дар хусуси аҳамияти Конфронси байналмилалии ҳизфи пиряхҳо, ки аз 29 то 31-уми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, табодули андеша сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ба нақши муҳимми Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои амниятӣ, ба вижа вокуниш ба хавфу таҳдидҳои физояндаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Вобаста ба вазъи имрӯзаи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳ ва оромии комил ва рушди босуботи он аст ва талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милалро дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот пуштибонӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”