Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Боздиди Президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе аз рафти корҳои сохтмонии Театри миллӣ
Имрӯз, 15-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки ҳоло 500 коргар фаъолият дошта, то имрӯз корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбист ва сохтмончиён корро ба хотири дар муҳлати як моҳ ва босифат анҷом додани он метезонанд.
Маълумот дода шуд, ки аз рӯи нақша бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Барои бунёди бинои театр наздики 3 га замин ҷудо шудааст. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин, дар театр ҷой барои оркестр, ҳуҷраҳои машқу тамрин, меҳмонхона ва дигар шароити зарурии кории ҳунармандон бунёд мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мешавад. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”