Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар конфронси Ашқобод Тоҷикистон аз обшавии пиряхҳо изҳори нигаронӣ кард
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Конференсияи 7-уми Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (САКИК-2025) баргузор шуд.
Дар конфронси зикршуда намояндагони ҳукуматҳо, сохторҳои соҳавӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ҳамчунин, коршиносону донорҳои байналмилалӣ ширкат намуда, масъалаҳои муҳимми тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода дар ин конфронс таъкид кард, ки Тоҷикистон бо амалӣ намудани тадбирҳои иқлимӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими заминаҳои илмӣ ва институтсионалӣ ва ҳамчунин, ба густариши дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ мусоидат мекунад. Лоиқ Раҳмонзода бо ишора ба обшавии босуръати пиряхҳо дар минтақа таъкид кард, ки ин яке аз мушкилоти бузург дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Намояндаи Тоҷикистон меҳмони конфронсро ба Конфренсияи сатҳи баланди байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29-ум то 31-уми май доир мешавад, даъват кард.
Дар доираи конфронс баррасии мавзуъҳо доир ба маблағгузории иқлимӣ, технологияи сабз, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои минтақа матраҳ шуд.
Конфронси мазкур рӯзи 15-уми май бо сафари саҳроӣ барои намоиши роҳи ҳалҳои экосистемавӣ барои барқарор сохтани ҷангалзорҳо ба анҷом расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”