27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
09.05.2025 10:14

Тоҷикистон ва Эрон барномаи муштараки радиоӣ месозанд

Муовини бахши радиоии расонаҳои миллии Эрон эълон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба забони муштарак Эрон омода аст, бо Тоҷикистон барномаҳои муштарак бо забони форсӣ таҳия кунад.

Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки мулоқоти раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саид бо Алӣ Бахшизода, муовини садои расонаи миллии Эрон, Маҳдӣ Озармакон, муовини аввали садо ва мудири радиои Эрон, Сайидмуртазо Козимии Динон, мудири радиои Фарҳанг, Маҳдӣ Шамлу, мудири Эронсадо доир гашт.

Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешниҳоди сохтани барномаҳои муштараки радиоӣ истиқбол кард ва гуфт, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ дар ин бахш аст.

“Истеҳсоли барномаҳои муштарак метавонад як қадами муҳим барои баланд бардоштани сифати мундариҷаи расонаҳо бошад. Мо кӯшиш мекунем, ки пайвандҳои адабӣ, таърихӣ ва ғайраро ба воситаи истеҳсоли барномаҳои муштарак таҳким бахшем” – афзуд Носир Саид.

Алӣ Бахшизода, муовини садои расонаи миллии Эрон дар ҷараёни мулоқот бо Носир Саид бо зикри таҷрибаи хуби Эрон дар заминаи мустанадсозии радиоӣ гуфт: “Баргузории се соли пайиҳами ҷашнвораи Пайванд боиси рушди мустанадсозӣ дар радио шуд. Имсол чорумин давраи байналмилалии ин ҷашнвора баргузор мешавад ва мавзӯи бахши байналмилалии он “муқовимати исломӣ” интихоб ва ба истиқболи густурда рӯ ба рӯ гардид. Дар ин бахш асарҳои зиёд қабул шуданд, ки нишон медиҳад, ҷашнвораи Пайванд дар самти ҳадафҳои таърифшуда ҳаракат мекунад. Дар Эрон 99 шабакаи радиоӣ дорем, ки як қисми онҳо радиоҳои маҳаллиянд ва мардум бо ин шабакаҳо иртиботи хеле хуб доранд”.

Алӣ Бахшизода афзуд, назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки радио миёни мардум чун расонаи хос шинохта шудааст. Ӯ таъкид кард, ки бо ташаббус ва пуштибонии Паймон Раҷабӣ, раиси садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон шумораи шабакаҳои радиоӣ дар Эрон афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.