Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар Шероз созишномаи муҳимми иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шуд
Миёни Тоҷикистон ва Эрон муҳимтарин созишномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки ҳадафи он густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар аст.
Созишномаи мазкур дар ҳошияи баргузории 17-умин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва илмӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шероз ба имзо расид, ки заминаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф фароҳам хоҳад кард.
Дар маросими имзои созишнома Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки имкониятҳои фароҳамшуда аз сӯйи Эрон ва вилояти Форс барои баргузор намудани нишасти 17-уми комиссияи муштрак иқдоми таъсиргузор аст. Ӯ натиҷаҳои нишасти зикршударо заминаи устувор барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисод ва фарҳанг донист.
Далер Ҷумъа афзуд, ки мушкилоте чун монеаҳои гумрукӣ ва тиҷоратиро бо талоши муштарак метавон ҳал кард. Ба гуфтаи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҷонибҳо омодаанд, барои баргузор намудани намоишгоҳҳои муштарак ва ширкат дар чорабиниҳои тиҷоратии байналмилалӣ талош намоянд.
Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон дар ҷараёни суханронӣ дар маросими имзои созишнома гуфт, ки созишномаи мазкур бо мақсади тақвиятии робитаҳои тиҷоратӣ, хусусан дар бахши хизматрасонии техникӣ-муҳандисӣ ва содироти маҳсулот омода шудааст. Ӯ таъкид кард, ки санади мазкур ҳадафаш ҳимоят аз тоҷирон ва сармоягузорони эронӣ ва тоҷикистонӣ аст.
Бар асоси гуфтаҳои вазири неруи Эрон ҷонибҳо дар ин ёддошт ба таҳқиқ ва татбиқи лоиҳаҳои рушди саноати сабук, ҳамкории фаъол дар бахши нассоҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти саноати хӯрокворӣ таъкид кардаанд. Ҳамчунин, баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт қайд шудааст.
Ба гуфтаи масъули эронӣ дар созишнома рушди робитаҳои фарҳангӣ, ошноӣ ва муаррифии ҷозибаҳои сайёҳии ду кишвар махсус таъкид шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи нишасти 17-умини комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чандин санади муҳимми ҳамкорӣ миёни ҳукумати ду кишвар ва бархе ниҳоду ширкатҳо ба имзо расид. Аз ҷумла, созишнома миёни ширкати “Фаро” ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома миёни Созмони миллии стандарти Эрон бо Агентии стандарти Тоҷикистон ва созмони сармоягузорӣ ва ёриҳои иқтисодии Эрон бо “Тоҷинвест” ба имзо расид. Расонаҳо, дар маҷмуъ аз имзои панҷ созишномаи муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон хабар медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”