27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
26.04.2025 11:29

Неруҳои амниятии Туркия 200 узви ДОИШ-ро боздошт карданд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия хабар дод, ки дар доираи барномаи мубориза бо терроризм 200 нафар узви гурӯҳи террористии ДОИШ-ро боздошт кардааст.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Ерликая гуфт, ки неруҳои амниятии ин кишвар дар як амалиёт зиёда аз 200 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДОИШ боздошт кардаанд. Ӯ афзуд, ки амалиёти неруҳои амниятии Туркия бар зидди аъзои гурӯҳи ДОИШ дар давоми ду ҳафта дар 49 вилоят, аз ҷумла дар Анқара, Истанбул ва Измир анҷом шудааст.

Алӣ Ерликая рӯзи ҷумъа, 5 –уми май дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки амалиёти боздошти аъзои ДОИШ бо ҳамоҳангии Прокуратураи генералии Туркия, Созмони миллии иттилоот, Раёсати кулли амният, Идораи мубориза бо терроризм ва полис доир гардидааст.

Ӯ гуфт, ки “ҳамбастагӣ ва ваҳдат дар муқобили терроризм бузургтарин қудрати мост” ва афзуд, ки Туркия амалиёти худро барои таъмини сулҳ ва амният бидуни ист идома хоҳад дод.

Дар моҳҳои ахир Туркия амалиётҳои худро бар зидди гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла ДОИШ бештар кардааст.

Тибқи омори нашршуда аз сӯйи Вазорати корҳои дохилии Туркия дар даҳ моҳи соли 2024 ҳудуди 660 нафар гумонбар ба узвият дар ДОИШ дар шаҳрҳои мухталиф боздошт шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.