Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Суди Олии Ӯзбекистон овозаи аз зиндон озод шудани Гулнора Каримоваро рад кард
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахиран овозаҳо паҳн шудаанд, ки гӯё Гулнора Каримова, духтари нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз зиндон озод шудааст. Баъзе сарчашмаҳо ин иттилоъро “боэътимод” номиданд ва паҳн шудани он боиси сарусадо дар ҷомеа гардид.
Азиз Абидов, сухангӯи расмии Суди Олии Ӯзбекистон ин овозаҳоро рад карда, ба расонаҳо гуфт: “Ин маълумот ба ҳақиқат мувофиқ нест.”
Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ, зӯроварӣ ва пулшӯӣ ба солҳои тӯлонии маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст ва феълан ҳукми худро адо мекунад.
Мақомот то ба ҳол иттилои расмии дигаре дар бораи озодшавии Каримова нашр накардаанд. Овозаҳои паҳншуда боз як бори дигар зарурати дастрасии саривақтӣ ба ахбори дақиқ ва манбаъҳои расмиро ба хотир меоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”