27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
23.04.2025 09:08

Эмомалӣ Раҳмон бо Искандар Муъминӣ “таҳдиду хатарҳои замони муосир”-ро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуд таъкид намуданд. Онҳо доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир гуфтугӯ намуданд.

“Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир иқдомҳои муштарак андешида шавад”- афзуд дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки Искандар Муъминӣ дар ҷараёни мулоқот  паём ва дуруди доктор Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Эмомалӣ Раҳмон расонид. Дар посух Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Салом ва дуруди маро ба бародарам доктор Масъуд Пизикшиён расонед”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот таъкид кард, барои тавсеа ва таҳкими робитаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва гардишгарӣ ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Искандар Муъминӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон омодагии комили Тоҷикистонро барои иҷрои созишномаҳои баимзорасида дар ҷараёни сафари Масъуд Пизишкиён изҳор намуд.  Вазири корҳои дохилии Эрон изҳори умедворӣ намуд, ки муносибатҳои ду кишвар бо назардошти муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ ва забонӣ таҳким хоҳад ёфт.

“Яке аз масъалаҳои матраҳшуда дар ин мулоқот лағви раводид (виза) миёни ду кишвар буд, ки дар марҳилаи аввал барои парвозҳои ҳавоӣ лағв шудааст ва қарор аст дар марҳилаи баъдӣ барои дигар навъҳои сафар низ амалӣ гардад” – гуфт Искандар Муъминӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.