Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мирзозода ва Эҷеӣ масъалаи Ғазза ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад дар ҳошияи Нишасти 20-уми роҳбарони низоми судии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо раиси Суди Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ мулоқот намуда, масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ кард.
Мирзозода Рустам дар суҳбат бо Ғуломҳусейн Муҳсинӣ гуфт, ки фарҳанги муштарак ва ҳамзабонӣ миёни ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон заминаи рушди ҳамкорӣ ва робитаҳоро фароҳам кардааст. Ӯ афзуд, ки нигоҳ ва роҳи ҳалҳои ду кишвар дар мавриди бисёре аз масъалаҳо яксон ва мушобеҳ аст.
Мирзозода Рустам бо ишора ба сафари ахири президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон гуфт: “Як марҳилаи нави муносибатҳо ва муомилот миёни ду кишвари ҳамсоя оғоз гардидааст ва дар Тоҷикистон аз густариш ва рушди робитаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои гуногун истиқбол мекунем”.
Ғуломҳусейн Муҳсинӣ дар мулоқот бо Мирзозода Рустам гуфт, ки дар мубориза бо проблемаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ агар кишварҳои ҳамсоя ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобил даст наёбанд, хатари зарар дидан онҳоро таҳдид мекунад. Ӯ афзуд, ки ҳамкорӣ барои ҳамгироии минтақавӣ барои мубориза бо ин проблемаҳо як принсипи асосӣ аст.
“Эътиқоди мо бар он аст, ки барои мубориза бо проблемаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зарур аст бо кишварҳои ҳамсоя, хусусан Тоҷикистон, ки умумиятҳои зиёди фарҳангӣ ва забонӣ дорем, ба ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии бештар даст ёбем” – таъкид кард Ғуломҳусейн Муҳсинӣ.
Раиси Суди Олии Эрон гуфт, ки умумиятҳои мавҷуд ин зарфиятро доранд, ки назар ва дарки худро нисбат ба масъалаҳо ва падидаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавзуъҳои ҳуқуқи башар ҳарчӣ бештар наздик созанд. Ӯ афзуд, ки Эрон назари Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқи башарро арзишманд мешуморад.
“Зарфиятҳои ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон густариши муносибат ва ҳамкорирҳоро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар заминаи масъалаҳои ҳуқуқӣ ва судӣ талаб мекунад” – афзуд Ғуломҳусейн Муҳсинӣ.
Ӯ ҳамчунин, ба сафари ахири Масъуд Пизишкиён ба шаҳри Душанбе ишора намуда, гуфт, ки он ба рушди бештари муносибат ва ҳамкориҳои ду кишвар замина фароҳам мекунад.
“Ҳамаи ҷаҳониён, бахусус кишварҳои мусалмони минтақа дар муқобили ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими Исроил дар Ғазза масъулият доранд. Мо бояд аз зарфиятҳои маҷлисҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, мисли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои андешидани иқдомҳои муассир дар муқобила бо ин ҷиноятҳои ваҳшиёна истифода барем” – гуфт Ғуломҳусейн Муҳсинӣ.
Мирзозода Рустам Пираҳмад барои ширкат дар нишасти 20-уми низоми судии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба кишвари Чин сафар намуда, бо як қатор раисони судҳои олии кишварҳо мулоқот ва гуфтугӯ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”