27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
22.04.2025 14:31

Тоҷикистон ва Туркия дар Истамбул масъалаи лағви раводидро баррасӣ карданд

Дар Истамбул – пойтахти Ҷумҳурии Туркия машваратҳои дуҷонибаи консулгарӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус, дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Роҳбарии ҳайати Тоҷикистон дар ин гурӯҳро сардори Идораи асосии консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Баҳодур Сафарзода ба уҳда дорад. Ҷониби Туркияро директори генералии масъалаҳои консулгарӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои хориҷии Туркия Фатма Ҷерен Язган намояндагӣ мекунад.

Ду ҷониб дар ҷараёни музокирот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи консулгариро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба сода намудани тартиби гирифтани раводид, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва расонидани ёрии ҳуқуқи мутақобила равона гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқӣ ва консулгарӣ тасдиқ намуданд ва хоҳиш карданд, ки муколамаи созанда дар хусуси масъалаҳои муҳимми сиёсати муҳоҷират ва раводидро идома диҳанд.

Дар фарҷоми машваратҳо ҷонибҳо барои нигоҳ доштани тамоси мунтазам бо ҳадафи ҳалли самараноки масъалаҳои пайдошаванда ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бар асоси иттилои расонаҳои туркӣ ҳайатҳои дипломатии ду кишвар дар мавриди бекор кардани низоми раводид миёни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Тоҷикистон ва Туркия қаблан низоми бидуни раводид доштанд. Аммо баъди рух додани чанд ҳодисаи террористӣ Туркия ба таври якҷониба тасмим гирифт, ки низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро лағв кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.