27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
19.04.2025 08:46

Рустами Эмомалӣ бо раиси сенати Ӯзбекистон мулоқот кард

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санк-Петербург бо раиси  Сенати Олии Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева мулоқот анҷом дод.

Раиси сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева дар ҷараёни мулоқот Рустами Эмомалиро ба муносибати раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданаш табрик намуда, изҳори итминон намуд, ки  ҳамкориҳо дар сатҳи баланд ва  робитаҳои мустаҳкам миёни мақомоти қонунгузории ду кишвар дар оянда низ таҳким хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи имрӯз ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила рушд меёбад, баррасӣ карданд.

Ду ҷониб имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро рӯйдоди таърихӣ номиданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот нақшаи фаъол намудани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар робита ба ташаккули ҳайати нави парлумонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро барои баргузор намудани нишасти гурӯҳи дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон”, аз ҷумла дар рӯзномаи масъалаҳои назорати парлумонӣ оид ба иҷро намудани тафоҳумномаҳои имзошуда, тасдиқ намуданд. Дар доираи мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.