Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Баррасии ҳамкориҳои низомӣ ва баҳси Ғазза дар мулоқоти Эмомалӣ Собирзода бо Азиз Насирзода
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта буд, бо вазири дифои Ҷумҳурии Исломиии Эрон Азиз Насирзода мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи низомиро баррасӣ кард.
Вазири дифои Эрон Азиз Насирзода аз вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ба гармӣ истиқбол намуда, ӯро ба вазифаи Вазири мудофиа таъйин шуданаш муборакбод гуфт. Вазири дифои Эрон интихоби Теҳрон ҳамчун нахустин макони сафари хориҷии Эмомалӣ Собирзодаро нишондиҳандаи ҷойгоҳи хоси ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ дар робитаҳои ду кишвар донист.
Вазири дифои Эрон бо ишора ба муштаракоти ду кишвар, аз ҷумла забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҷойгоҳи барҷастаи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд.
Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон дар ин мулоқот гуфт, дидгоҳи Эрон ба Тоҷикистон стратегӣ аст ва бар асоси эҳтироми дуҷониба шакл гирфтааст: “Мақоми муаззами роҳбарӣ дар хусуси робита бо Тоҷикистон таъбири “бародарӣ ва хешутаборӣ”-ро истифода бурдааст”.
Вазири дифои Эрон мулоқотҳои дуҷонибаи президентҳои ду кишвар дар се даҳсолаи ахирро нишонаи “иродаи ҷиддии роҳбарони олии ду кишвар” барои густариши ҳамкориҳо донист.
Ӯ ба сафари ахири Масъуд Пизишкиён ба шаҳри Душанбе ва имзои 22 санади ҳамкорӣ ишора карда, онро нуқтаи гардиш дар пешрафт ва рушди робита миёни ду кишвар арзёбӣ кард: “Ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкориҳои хуб доранд ва одатан мавқеъҳои муштарак дар маҷлисҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳанд”.
Вазири дифои Эрон Азиз Насирзода таъкид кард, ки равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бо суръат ва хосияти амниятӣ ҷараён доранд ва зарурати ҳамкории дуҷониба, истифода аз имкониятҳои узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай барои ҳамоҳангсозӣ ва рушди мушкилоти амниятӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ” омили таҳкими густариши муносибатҳои дуҷониба аст.
Вазири дифои Эрон бо ишора ба ҷиноятҳои артиши Исроил нисбат ба мардуми Ғазза гуфт, ки бисёре аз кишварҳо ва қудратҳо хомӯширо ихтиёр кардаанд ва зарурати фишор ворид намудан ба Исроил барои қатъи наслкушӣ ва қатли омми мардум ба миён омадааст.
Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар ин мулоқот муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ миёни ду кишварро омили таҳкими муносибатҳо дониста, афзуд, ки “дар ҷараёни ҳамкориҳои гузашта ду кишвар ба натиҷаҳои хеле хуб расидаанд”.
Эмомалӣ Собирзода ба зарурати таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои дифоӣ, ҳамчунин, талоши муштарак барои муқовимат бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои муташаккил дар роҳи таҳким додани амнияти минтақавӣ таъкид намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”