27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
12.04.2025 09:38

Сироҷиддин Муҳриддин: «Дар Душанбе намоишгоҳи саноатии бузург баргузор мешавад»

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мулоқоти вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, мо интизорем, ки вазирони иқтисодии кишварҳо созишномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар рушди саноати мошинсозии вазнинро, ки аз сӯйи кишвари мо оғоз гардидааст, ба имзо мерасонанд.

“Дар Душанбе намоишгоҳи саноатии бузург ташкил хоҳад шуд”- афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар нишасти Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои чанҷонибаи узви Созмон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Вазирон масъалаи таҳикими марзҳои кишварҳои узви Созмонро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки чораҳои амниятӣ барои ҳифзи сарҳад пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин, дар нишаст масъалаи ҷашни 80-солагии Ғалаба қадрдонӣ аз саҳми қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокима гардид.

Таъкид гадид, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 9 кишвар аъзои онанд, дар оянда низ ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба талош хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.