27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
09.04.2025 18:11

Панҷ назар: “ Созишномаи марзӣ метавонад замина барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар минтақа шавад ”

Имзои созишномаҳои сарҳадӣ миёни се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нишондиҳандаи он аст, ки ин кишварҳо дигар намехоҳанд баҳсҳо ва нуқтаҳои доғи низомӣ дар минтақа боқӣ монда, боиси низоъ гардад.

Сомонаи «Газета.uz» дар як таҳлили коршиносона навишт, ки созишномаи марзӣ миёни Бишкек ва Душанбе як қадами устувор дар самти таъмини амнияту субот дар минтақаҳои сарҳадии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин созишнома дар натиҷаи иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо ба даст омадааст. Ин амр ҷонибҳоро водор мекунад, ки барои ҳифзи субот ва амният талош намоянд.

“Муноқишаҳо на ба манфиати Бишкек буд, на Душанбе. Инҳо кишварҳои хурд ва ғайринизомӣ ҳастанд ва ҳамеша дар фикри муомилаи хуб бо ҳамсояҳо мебошанд. Зеро онҳо аз ин фоидаи дуҷониба мебинанд”- менависад сомонаи мазкур.

Сомонаи «Газета.uz» менависад, ки барои беҳтар намудани робитаҳои дуҷониба кишварҳо бояд қабл аз ҳама ба мардум халал нарасонанд, зеро халқҳо таҷрибаи ҳамкории бисёрсоларо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат доранд. Ин ҳама муваққатан баъд аз муноқишаҳои мусаллаҳона аз байн рафта буд. Ҳоло лозим аст, ки ҳаракати озоди одамон, сармоя ва хизматрасониҳо таъмин шавад.

“Ин созишнома як намунаи хуб аст, ки метавонад заминаро барои ҳал ва фасли дигар баҳсҳои минтақавӣ фароҳам кунад, зеро ҷонибҳо ба ин боваранд, ки ба воситаи гуфтугӯ метавон ба натиҷа расид”- менависад сомонаи «Газета.uz».

Ин сомона дар як назарсанҷӣ аз панҷ коршинос дар хусуси дурнамои созишномаҳои имзошуда ва робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ суол мепурсад ва онҳо дар посух муҳимтарин омилҳои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказиро зикр мекунанд:

Муслим Буриев, таҳлилгар аз Тоҷикистон:

“Қарордоди сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад нақши муҳимро дар таъмини амният дар минтақаҳои сарҳадӣ иҷро кунад. Айни ҳол, эҳтимоли рух додани низоъҳои нав қариб ба сифр расидааст. Ба ғайр аз қарордодҳои сарҳадӣ, як қатор созишномаҳои дигар миёни ду кишвар ба имзо расидаанд.

Робитаҳои нав миёни Душанбе ва Бишкек бо баёнияҳои дӯстии абадии миллатҳои бародар тавсиф шудааст, ки ҳатто як сол қабл тасаввураш душвор буд. Ин наздикӣ дар соҳаҳои дигар ва фазои иттилоотӣ низ бояд мусоидат кунад, ки дар натиҷа хавфи муноқишаҳо дар сатҳи ҷомеаҳои маҳаллӣ коҳиш меёбад.

Аммо ҳоло ҳам кишварҳо бояд якдигарро қадам ба қадам пешвоз гиранд, то робитаҳои дуҷониба ба сатҳи нави рушд расад. Нахуст, бояд марзҳои заминиро боз кунанд. Сониян, масъалаи иваз кардани қаламравҳоро ҳал кунанд, ки ин ҳам логистика, ҳам таъминоти аҳолии кӯчонидашуда бо маводи ғизоӣ ва ҷойҳои корро дар бар мегирад.

Мавридҳои муҳимми дигар низ ҳастанд. Ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷалби онҳо ба назорат ва иттилоърасонӣ ба аҳолии наздисарҳадӣ дар хусуси муҳтавои созишҳо.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки сарфи назар аз ормони зебои ҳамгироии минтақавӣ, Осиёи Марказӣ то ҳол як минтақаи пароканда боқӣ мондааст, ки ҳар кишвар бештар аз рӯи манфиатҳои худ амал мекунад.

Рустам Бурнашев, коршиноси масоили амниятии Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон:

“Имзои созишномаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон як қадами муҳим ва рамзӣ дар роҳи одӣ намудани робитаҳост, вале он фақат ҷузъи сиёсӣ ва расмии ҳалли масъалаҳои марзҳоро анҷом медиҳад.

Баъд аз он ду раванд боқӣ мемонад: якум, демаркатсия, яъне ташхис ва муқаррар кардани марзҳо на дар харита, балки дар мавқеъҳои воқеӣ ва дувум, қабули қарорҳо аз сӯйи аҳолии маҳаллӣ ва гурӯҳҳое, ки шояд зери назорати Душанбе ва Бишкек набошад, аз ҷумла онҳое ки дар интиқоли ғайриқонунӣ ё нимақонунии сарҳадӣ иштирок мекунанд.

Ин масъала ба мафҳуми васеътари марз дар Осиёи Марказӣ “бисёрҷанба” мегардад, масъалаҳое чун истифодаи об, муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарқияти узвияти кишварҳо дар Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё – ро дар бар мегирад.

Созишнома ҳарчанд муҳим аст, вале ин ҳама мушкилот ва танишҳоро аз миён намебарад. Бо ин ҳол, имзои созишнома бе дахолати миёнравон ва ратификатсияи зуд (камтар аз ду ҳафта) нишон медиҳад, ки имрӯз формати дуҷониба ё сеҷонибаи ҳамкорӣ дар минтақа самараноктар аст.

Нурбек Бекмурзаев, муҳаррири бахши Осиёи Марказии “Глобал Войс” аз Қирғизистон:

“Имзои созишномаи марз миёни Душанбе ва Бишкек, бешак, як қадами муҳим дар самти ташаккули заминаҳои амнияту субот дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба шумор меравад. Ин созишнома, бо шарофати иродаи сиёсие, ки роҳбарони кишварҳо нишон додаанд, сохтори амӯдии қудратро дар кишварҳои худ пойдор кардаанд, имконпазир гардид. Аз ин рӯ, метавон бовар кард, ки ҷонибҳо ин созишномаро риоя хоҳанд кард ва талош мекунанд, ки сулҳу суботро ҳифз намоянд.

Ин созишнома як ҳаракати нек ба шумор меравад. Он метавонад замина барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар минтақа шавад, зеро ҷонибҳо мефаҳманд, ки бо роҳи музокира метавон ба натиҷа расид ва ихтилофоти чандинсоларо, ки монеи ҳамкорист, бартараф намуд.

Набояд содалавҳона умед баст, ки ҳама масъалаҳои баҳсбарангез осону зуд ҳал хоҳанд шуд. Ҳама чиз вобаста ба навъи мушкилот аст. Агар сухан дар хусуси тақсими захираҳои обӣ дар минтақа равад, набояд интизори пешрафти ҷиддӣ дар ин масъала буд, зеро манфиатҳои кишварҳои дар болооб ҷойгирбуда, аз кишварҳои поёноб фарқ дорад.

Темур Умаров, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Ӯзбекистон:

“Барои Ӯзбекистон баргузор намудани нишастҳое, ба мисли Нишасти сеҷонибаи Хуҷанд аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Нахуст, омиле ҳаст, ки ба география вобаста мебошад. Ӯзбекистон дар маркази минтақа ҷойгир аст. Аз ҳамин сабаб, ҳар гуна вазъияти ноамнӣ, масалан, муноқишаи сарҳадӣ, ки метавонад тадриҷан ба ҳолати назоратшаванда табдил ёбад, Ӯзбекистонро дар вазъияти душвор мегузорад ва манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии Тошкандро зери таҳдид мемонад.

Сониян, Ӯзбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ба таври ошкоро нишон дод, қисмати Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии кишвар афзалият дорад. Ва, Тошканд, мутобиқи ҳамин амал мекунад. Он машваратҳои минтақавиро фақат дар чорчӯби “панҷгонаи Осиёи Марказӣ” ва бо иштироки бародарон аз Озорбойҷон, ки бо баҳри Каспий аз минтақа ҷудо шудааст, баргузор менамояд.

Ӯзбекистон ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дар чорчӯби васеътар ҳамкорӣ мекунад. Ба ҳамин тартиб, Ӯзбекистон ташаббуси дигар, шаклҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дидорҳои сеҷонибаро низ бар уҳда гирифтааст.

Бо ин роҳ, ин ҳама ба стратегияи нави сиёсати хориҷии Тошканд созгор аст ва умуман ба манфиати Ӯзбекистон мебошад. Аммо оё ин маънои онро дорад, ки Тошканд акнун имконият ва зарфияти лозимро барои он дорад, ки ба ҳайси миёнрав ё мусоидаткунанда дар тамоми баҳсҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баромад кунад? Ман чунин фикр намекунам. Ягона абзоре, ки Ӯзбекистон дар даст дорад, пешниҳоди шароити ҳамкории муфидтар аст.

Тошканд метавонад бигӯяд: Агар шумо бо ҳам даргир нашавед, он гоҳ имкони рушди тиҷорат, рушди иқтисодиёт ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро доред. Метавонед ҳамаи инҳоро якҷо ба роҳ монед. Агар нахоҳед аз ин имтиёзҳои иқтисодӣ баҳра барад, пас роҳи дигареро интихоб кунед”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.