27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
05.04.2025 17:53

Ҳукумати Трамп дастрасии “Радио Свобода” ба спутникро қатъ кард

Агентии амрикоии расонаҳои глобалӣ хизматрасониҳои спутникӣ, ки “Радио Свобода” бо истифода аз онҳо ба Русия барнома пахш мекард, хомӯш намудааст. Дар ин хусус, президент ва директори иҷроияи “Радио Свобода” Стивен Капус хабар дод.

“Мо имрӯз ба кор омадем ва дидем, хидматрасониҳои спутникӣ, ки минтақаи Русияро фаро мегирифтанд, аз сӯйи Амрико хомӯш шудаанд” – таъкид кардааст Стивен Капус.

Ӯ гуфт, ин тасмим ба пахши шабонарӯзии барномаҳои русии телеканали “Настоящее Время” таъсир мерасонад, ки ба Русия, Украина, Осиёи Марказӣ, Шарқи Аврупо ва дигар минтақаҳо пахш мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми март, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарореро содир намуд, ки бар асоси он ҳаҷми буҷет дар ҳафт агентии федералӣ, ки USAGM шомили он мешавад, кам карда мешавад. Баъди он «Голос Америка» эълон намуд, ки фаъолияти худро муваққатан боз медорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.