Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Зулайхо: "Аз гуруснагӣ бимирам ҳам, рӯймоламро намегирам!"
Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи саршиноси кишвар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев меҳмон шуда, доир ба ивази имиҷ ва консерти барпонашудааш қисса кард.
"Вақте ки дар хонаи Худо будам, аз он макон аксе гирифта, дар саҳифаи Инстаграмам гузоштам. Аксар суханҳои хуб навиштанд, аммо бархеҳо гуфтанд, ки пас аз муддате боз рӯймолашро аз сар мегирад ва имиҷашро ба монанди пешинааш мекунад. Ҳамон вақт ман ба Худо ваъда дода будам ва ҳоло ба мардум ваъда медиҳам, агар рӯзе расад, ки маҳз ҳамин рӯймол сабаби гурусна монданӣ ман шавад ҳам, инро аз сарам намегирам. Аз гуруснагӣ бимирам ҳам, дигар рӯймоламро аз сарам намегирам",- мегӯяд сароянда.
Ҳамчунин, дар барномаи мазкур сухан аз консерти барпонашуда меравад, ки Зулайхо Маҳмадшоева чунин мегӯяд: "Ман мехостам як консерти бошукӯҳ ташкил кунам ва барои он хеле сурудҳои нав тайёр кардам, вале масъалаи толор ҳалношуда монд. Ман мехостам дар толори калону барҳаво бошад".
Зулайхо Маҳмадшоева толори калону барҳаво гуфта, ба Кохи Борбад ишора мекунад, вале то ҳол натавонистааст, ки иҷоза бигирад. Илова бар ин, ишора мекунад, ки шояд ин суханрониаш барои иҷозаи толорро гирифтан сабаб шавад.
Бояд бигӯем, ки инчунин, дар барнома фарзандони овозхон Муҳаммад ва Юзорсиф ҳам ширкат карданд ва ровӣ аз бозиҳои дӯстдоштаву касбҳои ояндаашон пурсон мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”