Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки раванди индустриализатсияро суръат бахшанд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари ахири худ ба вилояти Суғд ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки раванди индустриализатсия дар Тоҷикистонро суръат бахшанд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатӣ то ҳол кофӣ нестанд. Бо назардошти ин, ӯ ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки раванди индустриализатсияро суръат бахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, тамоми чораҳое, ки Ҳукумат дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон андешидааст, ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар вилояти Суғд дар панҷ соли охир 680 корхонаву сехи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд сарвари давлат дар маросими санги асоси бунёди корхонаи ғанисозии маъдани оҳани ҶСК “Комбинати металлургии Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд. Ин корхона нахустин муассисаи ғанисозии маъданҳо дар Тоҷикистон пас аз истиқлолият мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин иқдом боз як қадами муҳим дар рушди ояндаи саноати кӯҳкорӣ, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии кишвар ва рушди содироти маҳсулоти ватанӣ аст. Сарвари давлат афзуд, ки корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир барои истихроҷ ва коркарди маъдани оҳан ва дигар маъданҳо, инчунин, истеҳсол ва содироти маҳсулоти босифат бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта ва муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Захираҳои маъдани оҳан дар ин кони кӯҳӣ тақрибан 60 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоъ марҳилаи аввали сохтмони корхона дар соли 2027 ба анҷом мерасад. Маҳсулоти ин корхона на фақат Тоҷикистонро аз воридот бениёз хоҳад кард, балки қисмате аз он ба хориҷ содирот хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”