Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Муҳоҷират ба Кореяи Ҷанубӣ. Ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ва идомаи сафарбаркунӣ гуфтанд
2-юми апрел Холмаҳмадзода Солеҳа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонг Сонг Шик вохӯрӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорат, дар вохӯрӣ раванди иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор аз 31-уми октябри соли 2024 баррасӣ гардида, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманд ва назаррас ибрози назар карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда, омода намудани шаҳрвандони кишвар тибқи талаботи низоми EPS ва роҳандозии сафарбаркунӣ ба Корея дар соли 2025 иброз доштанд.
Ҳамчунин, вазири меҳнат Холмаҳмадзода Солеҳа ва Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонг Сонг Шик дар маросими кушодавии нахустин курс аз рӯи ихтисоси “Кафшергар” барои 35 нафар шаҳрванди кишвар, ки аз мусоҳибаи EPS гузаштаанд дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми иҷозат барои шуғл (EPS), таъсиси Маркази EPS дар шаҳри Душанбе, ташкили курсҳои омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Корея интихоб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад