27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
02.04.2025 16:06

Ҳунарманд дар театр ва момодоя дар таваллудхона. Савлатмо чӣ гуна ба рӯҳ ва ҷисми инсонҳо кумак мекунад?

Савлатмо Ақназарова аз ҷумлаи ҷавонони соҳибистеъдодест, ки ҳоло дар ду соҳаи тамоман аз ҳамдигар фарқкунанда фаъолият мекунам. Ӯ дар як вақт ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ба ҳайси момодоя дар таваллудхона фаъолият мекунад. Мегӯяд, корҳояш ба якдигар халал намерасонанд ва бисёр хушҳол аст, ки дар театр ба рӯҳ ва дар таваллудхона ба ҷисми инсонҳо кумак мекунад.

Dialog.tj аз Савлатмо Ақназарова доир ба ҳаёту рӯзгораш, махсусан фаъолияташ дар театр ва муҳимияти таҳсилу касбомӯзии духтарон пурсид, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад. 

"ОҲИ САБУК МЕКАШЕМ"

- Ҳоло пайи кадом корҳоед?

- Ҳоло пайи корҳои театрӣ ҳастам. Дар намоишномае аз рӯйи “Достони Сиёвуш” кор карда истодаем, ки дар он нақши Судобаро иҷро мекунам. Якуним моҳ мешавад, ки тамринҳо ҷараён доранд ва аслан ин намоишро барои “Парасту” омода карда истодаем.

- Дар намоиши мазкур нақши марказиро мебозед, оё барои як ҳунарманди ҷавон душвор нест чунин масъулияти бузургро ба зимма гирифтан?

- Ростӣ, наздики ҳафт сол мешавад, ки дар театр кор мекунам ва аксари нақшҳои офаридаам марказӣ ҳастанд. Хеле хушҳолам, ки ба ман бовар мекунанд ва ин масъулиятро бо ҷону дил қабул мекунам. Зеро ҳамеша душворӣ дар пайи худ таҷриба ва рушди малакаҳоро дорад.

- Мо бисёр мефаҳмем, ки ҳунармандон ба нақш медароянду аз нақш мебароянд, ҳамин раванд чӣ гуна аст?

- Ин раванди сода нест, зеро ҳунармандро мебояд муддате ҳамчун персонажи асар фикр кунад, гап занад, бихандад, бигиряд, биҷангад... умуман зиндагӣ кунад. Барои ин, албатта, моҳҳо тамрин мекунад ва кӯшиш менамояд, ки ба воситаи рафтору гуфтори персонажаш ба тамошобин бадиро маҳкуму некиро талқин кунад.

- Моҳҳо тамрин кардед, ба нақш даромадед ва таври мехостаатон ба мардум расонидед, баъд чӣ мешавад?

- Албатта, сабукие эҳсос мешавад, оҳи сабук мекашем. Агар тамошобин хуб қабул кард, сарамон ба осмон мерасад. Вале набояд фаромӯш кард, ки хоҳ-нохоҳ асари ҳар асар дар зеҳну рӯҳи ҳунарманд муддате мемонад.

 ТЕАТР ВА ТАВАЛЛУДХОНА

- Чӣ гуна ба касби ҳунарпешагӣ шавқ пайдо кардеду ин соҳаро омӯхтед?

- Фикри ҳунармандшавиро надоштам, балки овозхониро бисёр дӯст медоштам. Ҳамчунин, табиб шудан мехостам. Аммо тибқи квотаи президентӣ ба шуъбаи фарҳангшиносии факултаи режиссураи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шудам. Дар аввали таҳсил хостам ба шуъбаи овозхонӣ интиқол гирам, аммо аз тасмимам гаштам ва аллакай дар курси дуюм дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” ҳамчун ҳунарпеша фаъолиятамро оғоз кардам.

- Орзуи овозхонӣ ва табибӣ амалӣ нашуда монд?

- Не, пас аз хатми донишкада ман ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дохил шудам ва ҳамчун момодоя онро бомуваффақият хатм кардам. Ҳоло дар баробари кори театр, инчунин, дар таваллудхона низ фаъолият мекунам. Масъалаи овозхонӣ бошад, ҳоло танҳо барои худам мехонам.

- Аҷиб, шумо кӯшиш мекунед, ки дар театр ба рӯҳ ва дар таваллудхона ба ҷисми одамон кумак кунед. Чӣ гуна ин ду корро пеш мебаред?

- Корҳоям ба якдигар халал намерасонанд, зеро вақтамро дуруст тақсим кардаам. Давоми ҳафта ҳам дар таваллудхона фаъолият мекунам ва ҳам дар театр. Ҳар ду корамро дӯст медорам ва хушҳолам, ки ба ҷомеа каме ҳам бошад нафъ мерасонам.

- Агар сафарҳои ҳунарӣ пайдо шаванд, коратон дар таваллудхона чӣ мешавад?

- Дар чунин ҳолатҳо ба маъмурият хабар медиҳам ва ба ҷоям дигаре ба кор мебарояд ва вақте ки баргаштам, набуданамро ҷуброн мекунам.

- Барои ҳунарманд, як шахси эҷодкор диплом ва таҳсили расмӣ муҳим аст?

- Аз нигоҳи ман хеле муҳим аст. Таҳсили расмӣ ба мо имкон медиҳад, ки тамоми нозукиҳои касбамонро омӯзем ва худро ҳамаҷониба рушд диҳем. Аммо набояд фаромӯш кард, ки боз шахсоне ҳам ҳастанд, ки бидуни таҳсил дар роҳи ноҳамвори санъат мавқеъ ёфтаанду маҳбуби мардум гаштаанд.

- Мутаассифона, ба ном ҳунарманд ҳоло хеле зиёд шудааст. Ҳатто дар ду ролики интернетӣ ҳам нақш офарад худро ҳунарпеша мегӯяд, ба ин падида чӣ назар доред?

- Албатта, ин хуб нест, зеро онҳо метавонанд номи ҳунармандонро доғдор кунанд. Бояд худро такмил дода, малакаҳояшонро рушд диҳанд.

- Чаро шумо мисли бархе ҳунармандони ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестед, дар наворҳои блогерон иштирок намекунед?

- Хоҳишу ҳавсала надорам. Аз ҷониби блогерон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ман хеле даъват мешавад, аммо қабул намекунам.

ТЕАТРУ СИНАМО

- Замоне дар Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” фаъолият кардед, он ҷо коратон чӣ гуна буд?

- Замони донишҷӯӣ дар «Аҳорун» фаъолият мекардам. Корам он ҷо бисёр хуб буд, зеро назарияро, ки аз донишкада меомӯхтам, бо амалия тавъам менамудам. Дар театри мазкур тӯли се сол фаъолият намудам ва ҳам нозукиҳои касбамро омӯхтам ва ҳам таҷриба гирифтам. Ҳамин тавр, пас аз хатми донишкада барои боз ҳам худро сайқал додан ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омадам.

- Оё мушкил набуд ба театри академӣ шомил шудан?

- Замоне ки ман ба Театри Лоҳутӣ омадам, директор устод Лутфулло Давлатзода буданд. Он кас бо ман суҳбат карданд ва ҳамчун роҳнамо махсусияти кор дар театрро фаҳмониданд. Ҳамин тавр, маро барои давраи санҷишӣ ба кор қабул карданд.

- Ба ҳунарпешаи ҷавони театр ба мисли шумо ҳунармандони касбӣ чӣ гуна муносибат мекунанд?

- Устодони ниҳоят гиромӣ бо ҳунармандони ҷавон хеле муносибати хуб доранд. Ҳамчун роҳнамо хатоҳоямонро мегӯянд, тавсияҳо медиҳанд ва албатта, аз муваффақиятҳоямон шод мегарданд.

- Дуруст аст, ки ҳунармандони ҷавон дар театр кам дорем. Ба фикри шумо чаро хатмкунандагони соҳаи санъат кам ба театрҳо меоянд барои кор кардан?

- Театр маконест, ки ҳар кас ворид шуда наметавонад ва агар ворид шуд, дигар берун шуда наметавонад. Ин ҷо бисёр ҷойи муқаддас аст. Масалан, ман чанд маротиба хостам корро тарк кунам, вале натавонистам.

- Оё қабл аз баромад дар саҳна тарс ё ҳаяҷонро эҳсос мекунед?

- Албатта, дастҳову пойҳо меларзанд, аммо баробари каме дар саҳна будан, ба муҳит мутобиқ мешавӣ.

- Оё ягон нақше буд, ки онро қабул накардед? Агар ҳа, чаро?

- Не, ман ҳунарпешаам ва ҳақ надорам ба ин.

- Дар синамо низ дар чанд филм нақш офаридаед, аммо кам?

- Дар якчанд филм нақш офаридаам ва ростӣ театрро дар ҷойи аввал медонам. Ҷаззобияти театр маро асир кардааст.

- Оё ният доред, ки берун аз ҳунарпешагӣ низ фаъолият кунед, масалан коргардонӣ ё нависандагӣ?

- Ният дорам ва барои боз ҳам сайқал додани худам кӯшиш мекунам.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

- Ҳар рӯз аз сари нав зиндагӣ мекунед ё зиндагиятон такрор мегузарад?

- Баъзан мешавад, ки ҳар рӯзам якранг мегузарад, аммо боз мешавад ҳолатҳое, ки ҳодисаву гардишҳои навро таҷриба мекунам.

- Ба шумо кадом вариант маъқул аст?

- Албатта, роҳи дуюм.

- Хобе дидаед, ки умуман фаромӯш нашуда бошад?

- Бале, аммо он хобро гуфта наметавонам.

- Хушбахтарин лаҳзаи ҳаёти Шумо кадом аст?

- Ҳар рӯз хушбахтам, зеро хушбахтиро дар саломатӣ, дар оромиш ва будани модарам медонам ва шукр ин ҳамаро ман дорам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.