27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
01.04.2025 18:28

Журналисти араб: “Намоиши шаҳри мушакии Эрон посух ба таҳдидҳои Трамп аст”

Таҳлилгари маъруфи араб, сардабири рӯзномаи “Райъ ал-Явм” менависад, ки таҳдидҳои ахири Доналд Трамп воҳима буда, намоиши шаҳри мушакии Эрон посух ба ин таҳдидҳо аст.

Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори фаластинитабори маъруфи араб таҳдидҳои Доналд Трамп бар зидди Эронро фақат воҳима хонда, таъкид кардааст, ки он дигар таъсире надорад. Ӯ менависад, ки  Эрон дар ду сатҳ, аз ҷумла низомӣ бо нишон додани шаҳри мушакии шигифтангези худ ба ин таҳдидҳо посух дод ва Трамп бояд корномаи шикастаи Амрико дар гузаштаро ба ёд оварад.

“Ин таҳдидҳо, ки авҷи густохӣ ва беақлиро нишон медиҳанд, табиатан набояд аз забони президенти кишваре, монанди Амрико, ки масалан худашро абарқудрат медонад ва иддаои роҳбарии ҷаҳони озодро дорад ва чӣ дар ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ ва чӣ баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи президентии Амрико борҳо дар ҳама суханрониҳои худ таъкид карда буд, ки барои сулҳ ва дурӣ аз ҷанг дар ҷаҳон талош хоҳад кард, садо диҳад”- менависад Абдулборӣ Атвон.

Сардабири “Райъ ал-Явм” Абдулборӣ Атвон дар идомаи матлаби худ меафзояд, Трамп барои чизҳои баде, ки бо он давлат ва миллати Эронро таҳдид кард ва гуфт, ки агар таслим нашаванд, бо ин чизҳои бад рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва ин масъала суолро ба вуҷуд меоварад. Амрико тайи чаҳор даҳаи гузашта бо таҳримҳои иқтисодӣ, ҷиноятҳои террористӣ ва талош барои эҷоди ошӯб дар дохили Эрон ба дунболи таслим намудани ин кишвар буд ва кори охире, ки ҳоло онро ошкор карда, ҷанг ва фиристодани новҳои ҳавопаймо ва бомбафканҳои ғулпайкар ба минтақа аст.

“Аммо Трамп бори дигар ҳамоқати худ ва ноогоҳӣ аз таърих ва географияро сабт карда ва кишвари бузурги Эронро бо ҷазираи кӯчак ва холии яхии Гриланди Дания иштибоҳ гирифтааст. Доналд Трамп фаромӯш кардааст, ки бузургтарин шикасти низомӣ ва сиёсие, ки Амрико бо он рӯ ба рӯ шуд ва дарди он камтар аз шикаст дар Ветнам набуд, шикасти Вашингтон дар Афғонистон аст, ки як кишвари ҳамсояи Эрон аст. Аксу наворҳои ақибнишинии залилонаи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон фаровон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёфт мешаванд”- таъкид мекунад Абдулборӣ Атвон, дар бахши дигари матлаби худ.

Абдулборӣ Атвон дар матлаби худ ҳадс мезанад, ки посухи Эрон ба таҳдидҳои Трамп ду паҳлӯ дорад:

Паҳлӯи нахуст, Эрон бар хилофи Амрико ба шакли мутамаддин бархӯрд кард ва посухи номаи ин кишварро мутамаддинона ва аз тариқи Уммон ва аз каналҳои дипломатӣ, ки миёни кишварҳо вуҷуд дорад, фиристод.

Паҳлӯи дувум, посухи Эрон вобаста ба сатҳи низомӣ аст. Ҷое, ки ин кишвар ахиран филме интишор кард, ки шомили тасвири зинда аз як шаҳри мушакии модерн ва пешрафтаи зеризаминист ва бомбаафканҳои ғулпайкари Амрико ҳатто наметавонанд ҷойи онро пайдо кунанд.

Абдулборӣ Атвон таъкид мекунад, мо намедонем, ки оё шаҳрҳои мушакии Эрон дорои мушакҳои ҳайперсоник бо диққати болост ва метавонад ҳадафҳоеро дар умқи Амрико ё ҳадди ақал соҳилҳои ғарбии он мавриди исобат қарор диҳад ё на. Вале мутмаинем, ки дар ин шаҳри мушакӣ теъдоди бисёр зиёди мушак вуҷуд дорад, ки дар камтар аз 10 дақиқа метавонанд ба умқи фаластини ишғолӣ (Исроил) бирасанд.

“Шояд ёдоварии ин нукта муҳим бошад, ки Пентагон нигаронии худро дар бораи эҳтимоли ҳадаф қарор гирифтани 50 пойгоҳи низомии он дар Ховари Миёна, ки ҳазорон генерал ва сарбози амрикоӣ дар он ҳузур доранд, иброз намудааст ва расонаҳо ба шакли муфассал ба ин масъала таваҷҷуҳ кардаанд. Ба ин сурат, ки агар иштибоҳе аз самти Вашингтон рух диҳад, ҳар як аз ин пойгоҳҳои амрикоӣ дар маърази садҳои мушакии бластикии Эрон дар навъҳои мухталиф қарор хоҳанд гирифт”- менависад Абдулборӣ Атвон.

Абдулборӣ Атвон дар қисмати поёнии мақолаи худ ба Доналд Трамп тавсияи ройгон медиҳад, ки таҳдидҳояшро гоҳ дар бораи боз кардани дарҳои ҷаҳаннам ба рӯйи мардуми гурусна ва муҳосирашудаи Ғазза ва гоҳ дар бораи таҳмили чизҳои бад ба Эрон бас кунад. Ба таъкиди ӯ, ин таҳдидҳо нахуст ба далели такрори бисёр зиёд ва сониян, ба хотири адами дастёбӣ ба ҳадафҳои террористии он коромодиашро аз даст додааст ва арзише надорад. Ӯ ба Трамп ёдоварӣ мекунад, ки пеш аз ин Амрико дар ҳамлаҳои худ ба Ироқ бо таҳаммули талафоти наздик ба 6 триллион доллар ва талафоти ҷонии густурда барои неруҳои худ маҷбур шуд, баъд аз шикаст дар муқобили мардуми қаҳрамони Ироқ аз ин кишвар ақибнишинӣ кунад.

“Амрико дар ҳоли ҳозир дар вазъияти варшикастагӣ қарор дорад ва қарзи он ба 41 триллион доллар мерасад. Масъалае, ки Трампро маҷбур кард ба Маскав шитофта ва барои музокироти сулҳ илтимос кунад. Ҳамчунин, бояд ба шикасти Амрико дар Украина ва танишофаринии Трамп бо муттаҳидони аврупоии худ ва Канада низ ишора кунем, ки таҳдидҳои Трамп бар зидди Эрон сирфан якҷониба буда ва боиси ҷанг намешавад. Ҳамон тавр, ки як зарбулмасали маъруф дар ин замина вуҷуд дорад, ки мегӯяд: “Санги бузург нишонаи назадан аст”. Бинобар ин, Эрон сатҳи худашро пойин намеоварад ва дигар таҳдидҳои хаёлии Доналд Трамп, ки Амрикоро ба марҳилаи фурӯпошӣ кашондааст, таъсир надорад” – дар бахши поёнии матлаби худ чунин хулоса мекунад Абдулборӣ Атвон.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.