Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
“Наврӯз вифоқи фаромарзӣ” бо ширкати меҳмонҳои вижа аз Тоҷикистон дар Қазвини Эрон баргузор мешавад
Раиси Кумитаи гардишгарии палатаи савдои вилояти Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҷашни “Наврӯз вифоқи фаромарзӣ” бо ширкати меҳмонҳои вижа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Амир Мунсиф, раиси Кумитаи гардишгарии Палатаи савдои вилояти Қазвин дар суҳбат бо ИРНА гуфт, ҷашне таҳти унвони “Наврӯз вифоқи фаромарзӣ” бо ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як рӯз бо мизбонии Қазвин баргузор мегардад.
Амир Мунсиф ёдовар шуд, баъди сафари ҳайати ҳукумати чордаҳум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 санади ҳамкорӣ имзо шуд, ки яке аз онҳо ба соҳаи сармоягузорӣ ва гардишгарӣ робита дошт.
Раиси Кумитаи гардишгарии палатаи савдои Эрон Амир Мунсиф таъкид кард, ки бо назардошти эълони ин санади ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ ва гардишгарӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ба мақомоти маҳаллӣ дастур дода шуд, ки вилояти Қазвин ба ҳайси вилояти пилотӣ дар ин самт фаъол гардад.
Ҷашни “Наврӯз вифоқи фаромарзӣ” ба воситаи Палатаи савдои Қазвин ва бо ҳамкории бархе ниҳодҳои дахлдори ин вилоят баргузор мешавад ва тамошои он барои тамоми мардум озод хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”