27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
20.03.2025 10:55

Содиқ Имомӣ эътимодномаи сафириашро ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон супорид

Содиқ Имомӣ сафири тозатаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар як маросими вижа нусхаи эътимодномаи сафириашро ба президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон супорид.

Содиқ Имомӣ 4-уми январи соли 2025 аз сӯйи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъйин шуд.

Содир Имомӣ қабл аз ин ба ҳайси муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ӯ як муддат ба ҳайси Сафири фавқулода ва сухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ кор кардааст. Маҳз дар замони сафирии ӯ, низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор шуд ва шаҳрвандони ду кишвар имконият пайдо намуданд, ки ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд.

Дар маросими вижае дар қасри президенти Ҷумҳурии Туркия маросими қабули эътимоднома доир гашт.

Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати қабули эътимодномаи сафири Тоҷикистон навишт, ки “Сафири Тоҷикистон дуруд таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро” ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон расонид.

Дар ҷараёни маросими вижаи қабули эътимоднома ҷонибҳо ба аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.