27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
19.03.2025 11:48

Қатъи маблағгузории Радиои Озодӣ. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд наметавонад онро довталабона маблағгузорӣ кунад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас гуфт, ки қатъ шудани маблағгузории Радиои Аврупои озод - Радиои озодӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бисёр “нохушоянд” аст, аммо Иттиҳоди Аврупо наметавонад ба таври худкор ҷойгузини Амрико шуда, маблағгузории ин расонаро бар уҳда гирад.

Кая Каллас рӯзи 17-уми март дар суҳбат бо хабарнигорон дар Брюссел гуфт: “Радиои Аврупои озод ҳамеша чароғе барои демократия буд ва арзиши бузург дорад”.

Крис Лик, мушовири калони Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико дирӯз дар номае ба унвони Радиои Озодӣ хабар дод, ки маблағгузории ин расона қатъ шудааст.

Қатъи маблағгузории Радиои озодӣ аз рӯзи нашр шудани қарор ба иҷро даромад ва агар ин расона хостори ба чолиш кашидани ин қарор бошад, метавонад дар давоми 30 рӯз дархости бозбинии онро пешниҳод кунад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар идома гуфт, ки масъалаи қатъи маблағгузории Радиои озодӣ дар маҷлиси вазирони корҳои хориҷии ин Иттиҳод баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ гуфт: “Хабари он ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузории ин расонаро қатъ кардааст, хеле нохушоянд аст”.

Кая Каллас, ки қаблан сарвазири Эстония буд, таъкид кард: “Акнун барои мо суол пеш меояд, оё метавонем бо маблағгузорӣ ин камбудро ҷуброн кунем? Посух ин аст, ки ба таври худкор, не”.

Ӯ таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо имкониятҳои амалии эҳтимолӣ дар ин заминаро баррасӣ хоҳад кард.

Чанд соат қабл аз ин изҳорот Ян Липавский, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех гуфт, ки масъалаи Радиои озодиро дар маҷлиси вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел баррасӣ мекунад.

Ян Липавский илова кард, ки кӯшиш хоҳад кард, пуштибонии Иттиҳоди Аврупоро барои идомаи фаъолияти Радиои озодӣ дар Прага ба даст оварад ва аз ин Иттиҳод хоҳиш намуд, ки роҳҳои ҳифзи ҳадди ақали пахши расонаро баррасӣ намояд.

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як фармони иҷроӣ талаб намуд, ки фаъолияти ҳафт ниҳоди федералӣ, аз ҷумла Агентии нозири “Садои Амрико” ва дигар расонаҳои давлатӣ ба ҳадди аксар коҳиш дода шавад.

Ҳукумати Амрико тибқи ҳамин фармон кормандони расонаҳои зердасташ, аз ҷумла “Садои Амрико” –ро то замони огоҳии минбаъда ба рухсатӣ фиристод.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз роҳбарони Конгресси ИМА даъват кардааст, ки аз созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико дар баробари фармони Доналд Трамп ҳимоят кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.