Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Миёни Душанбе ва ҷазираи Киши Эрон парвозҳои ҳавоии наврӯзӣ оғоз мешавад
Ширкати ҳавопаймоии “Kish Airlines”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон парвозҳои мустақим миёни шаҳри Душанбе ва ҷазираи Киши Эронро бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ дар давраи ҷашни Наврӯз оғоз мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин парвозҳои махсус бахшида ба ҷашни Наврӯз бо ҳавопаймои Airbus А321 аз 16 ё 18-уми марти соли ҷорӣ анҷом дода мешавад.
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз се парвози мустақим ба роҳ монда мешаванд. Аммо маълум нест, ки ин парвозҳои махсус миёни шаҳри Душанбе ва ҷазираи Киши Эрон ба таври доимӣ аст ё фақат дар ҷашни Наврӯз ба роҳ монда мешавад.
Ҷазираи Киш дар соҳили Халиҷи Форс ҷойгир аст. Дар он марказҳои савдои муосир ва навъҳои гуногуни фароғати обӣ, аз ҷумла дайвинг, лижаронии обӣ ва киштӣ ҷойгир мебошанд. Ин ҷазира яке аз машҳуртарин маконҳои сайёҳии Эрон ба шумор меравад. Ҷазираи Киш ба далели оби гарм ва регзору дар наздикии соҳили Халиҷи Форс ҷойгир будан, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифтааст. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки бо мақсади рушди додани сайёҳӣ аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”