27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
12.03.2025 10:29

Фоҷеа дар вақти сабти клипи Озода Нурсаидова. Мошин духтарро пахш кард

Дар ҷараёни сабти намоҳанги нави Озода Нурсаидова мошини тамғаи Mercedes-Benz ба Сабрина Ҷабборова, духтаре, ки дар клип нақш меофарид, бархӯрда, ӯро маъюб кардааст. Ҳодиса рӯзи 7-уми ноябри соли 2024 дар вақти сабти клипи “Дилбарам” рӯй додааст.

Дар ҷараёни сабти клип Севинч Маъруфова, ки мошини тамғаи Mercedes-Benz-ро идора мекард, уҳдаи идора кардани мошинро аз даст дода, Сабрина Ҷаббороваро ду маротиба пахш кардааст.

“Чархи пеши мошин комилан аз болои ӯ гузашта, чархи қафо низ дар рӯйи духтар тоб хӯрдааст”- менависанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Ба Сабрина Ҷабборова, дар давоми як соат кумаки аввалияи тиббӣ расонида намешавад, ки дар натиҷа ӯ 3 литр хуни баданашро аз даст медиҳад. Баъдан, ӯро ба беморхона мебаранд ва табибон ҷарроҳии нуҳсоата мегузаронанд.

Сабрина Ҷабборова гуфтааст, табибон дар вақти ҷарроҳӣ устухони косашро нодуруст пайванд кардаанд, ки дар натиҷа пойи чапаш аз пойи росташ 7 сантиметр дарозтар аст. Ин ҷарроҳӣ ҷабрдидаро дар вазъияти маъюбӣ қарор додааст. Сабрина Ҷабборова гуфтааст: “Табибон инро фавран ба ман нагуфтанд. Танҳо пас аз се моҳ маълум шуд, ки устухонҳоям нодуруст пайванд шудаанд ва ҳоло пойи чапам 7 см дарозтар аст. Барои ислоҳи ин мушкил, устухони косамро боз шикаста, дубора пайванд мекунанд. Табибон гуфтаанд, ки чунин ҳолат дар 0,5-1% мавридҳо рӯй медиҳад. Дар бештари ҳолатҳо одамон дар чунин садамаҳо ҷон медиҳанд, вале ман зинда мондам”.

Дилмурод Сатторов, продюсери Озода Нурсаидова гуфтааст, ки гурӯҳи ӯ дар ташкили сабти намоҳанги “Дилбарам”, ки ҳодисаи нохуш рӯй додааст, иштирок надоштанд. Дилмурод Сатторов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст: “Мо наворбардории клипро ба коргардон ва дастаи ӯ супоридем. Вақте аз ҳодиса хабардор шудем, якҷо бо Озода ба маҳалли ҳодиса расидем. Дар ҷойи воқеа табибони ёрии таъҷилӣ аллакай ҳузур доштанд. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ расид ва ман шахсан ҷабрдидаро ба беморхона ҳамроҳӣ кардам.”

Дилмурод Сатторов ҳамчунин, таъкид кардааст, ки ҳамон рӯз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад.

“Озода гиря мекард, зеро аз вазъияте, ки духтар ба он гирифтор шуд, сахт андуҳгин буд. Ӯ талош мекард, ки аз нигоҳи инсондӯстӣ ба ӯ кумак расонад. Аз замони ҳодиса се моҳ гузашт ва дар ин муддат мо ҳар моҳ барои хароҷоташ 500 доллар ҷудо мекардем: барои доруҳо ва дигар ниёзҳо. Ҳамчунин, иҷораи манзилро низ пардохт мекардем. Тамоми ин хароҷотро Озода пардохт мекард” –  таъкид мекунад Дилмурод Сатторов.

Озода Нурсаидова, сароянда, оҳангсоз, продюсер ва муллифи лоиҳаҳои гуногуни мусиқӣ мебошад. Намоҳанги ӯ бо номи “Жигулии кабуд” дар Ютуб 408 миллион бинанда доштааст. Озода Нурсаидова дар Тоҷикистон низ чанд маротиба консерт баргузор намуда аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.