Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек созишномаҳои сарҳадӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро имзо мекунад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 12-13-уми марти соли ҷорӣ бо сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар хоҳанд кард.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов ба дигар мақомоти олии ин кишвар мулоқот ва гуфтугӯ менамоянд.
Бар асоси иттилоъ, дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов созишнома оид ба сарҳади давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дар робита ба оғози ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишварро имзо хоҳанд кард. Дар ин хусус Муратбек Азимов, роҳбари сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон хабар дода, чунин таъкид намудааст: “Дар доираи сафари расмӣ чорабиниҳои расмӣ ва мулоқотҳои дуҷониба бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Тургунбекуғлу ва сарвазир Адилбек Қасималиев дар назар дошта шудааст”.
Расонаҳои қирғизистонӣ навиштанд, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар хусуси созишномаҳои сарҳадӣ ва оғози марҳилаи нави ҳамкориҳо миёни ду кишвар изҳороти муштарак медиҳанд.
Раиси шаҳри Бишкек хабар дод, ки дар доираи сафари президенти Тоҷикистон дар боғча ва мактабҳои шаҳри Бишкек рӯзҳои 12-13-уми март омӯзишҳо ба формати онлайн мегузаранд. Масъулони соҳаи маорифи ин кишвар аз волидайн хоҳиш намуданд, ки вазъияти ҷориро риоя намоянд.
Ҳамчунин, ба муносибати сафари кории президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ва баъзе аз кӯчаҳои вилояти Чуй рӯзҳои 12-13-уми март маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”