27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:23, Душанбе
07.03.2025 13:51

Миср: Ғаззаро дар 5 сол бозсозӣ мекунем. Исроил ба тарҳи Миср мухолифат кард

Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, президенти Миср дар суханронии Нишасти изтирории Сарони кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира гуфт, ки бидуни ташкили кишвари Фаластин сулҳи пойдор ғайримумкин аст. Ӯ гуфт, ки сулҳ бо зурӣ ба даст намеояд ва таърих нишон додааст, ки созишномаи сулҳи миёни Миср ва Исроил метавонад як намуна барои ҳалли низоъҳои минтақа гардад.

Президенти Миср таъкид кардааст, ки “мардуми Ғазза сулҳи одилона ва пойдор мехоҳанд” ва афзуда, ки “ҷанг дар Ғазза бо истифодаи зӯр мехоҳад ин минтақаро аз сокинони аслиаш холӣ кунад”.

“Мо бо тамоми қувва дар муқобили кӯчонидани иҷбории фаластиниҳо истодагӣ мекунем. Миср танҳо сулҳеро қабул мекунад, ки бар асоси ҳуқуқ ва адолат бошад. Созишномаи сулҳ ҳар як тарафро вазифадор мекунад, ки ба марзҳо эҳтиром гузоранд” – таъкид кардааст президенти Миср.

Дар Нишасти изтирории сарони кишварҳои араб президенти Миср лоиҳаи бозсозии Ғаззаро муаррифӣ кард. Ӯ дар ҷараёни муаррифии лоиҳа аз ташкили як кумитаи мустақил барои идораи Ғазза хабар дода, афзуд, ки ин кумита бар асоси ҳамоҳангӣ бо фаластиниҳо таъсис меёбад. Ӯ таъкид кард, Миср барои омӯзиши кадрҳои фаластинӣ, ки дар оянда идораи Ғаззаро ба уҳда мегиранд, кумак хоҳад кард.

Президенти Миср дар ин нишаст аз баргузор шудани як конфронс оид ба бозсозии Ғазза хабар дод. Ӯ гуфт, ки Миср барои бозсозии Ғазза фонди махсус ташкил мекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост аз ин тарҳ пуштибонӣ кунанд.

Президенти Миср ҳамлаҳои Исроил ба Масҷид-ул-Ақсоро маҳкум намуда, ҳушдор дод, ки ин амалҳо паёмадҳои ҷиддӣ доранд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Вазири корҳои хориҷии Миср Бадр Абдулъатӣ дар суҳбат бо телевизиони “Ал-арабия” гуфт, ки кишварҳои арабӣ метавонанд бозсозии Ғаззаро дар давоми 5 сол ба анҷом расонанд. Ӯ афзуд, созишҳое, ки дар хусуси масъалаи Фаластин миёни кишварҳои арабӣ ба вуҷуд омадаанд, роҳи ҳалли воқеӣ буда, амалисозии он имконпазир аст.

Вазири корҳои хориҷии Миср таъкид кард, ки идораи Ғазза пас аз ҷанг бояд ба шахсиятҳои мустақили фаластинӣ супорида шавад ва барои бозсозии он оташбаси фаврӣ ҳифз гардад. Ӯ таъкид кард, ки лоиҳаи бозсозии Фаластин, ки аз сӯйи Миср пешниҳод шудааст, мавриди қабули кишварҳои арабӣ аст. Гурӯҳи Ҳамос низ чанде қабл эълон кард, ки лоиҳаи Миср дар хусуси бозсозии Фаластинро мепазирад.

Тибқи иттилои “Франс-пресс” Миср лоиҳаи 53 миллиард доллариро барои бозсозии Фаластин дар муддати 5 сол пешниҳод кардааст.

Ғазза: Аз Ривера то партгоҳ

Пешниҳоди Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хусуси кӯчонидани мардуми Ғазза ба кишварҳои Урдун ва Миср, бозсозии он дар зери назорати Амрико ва табдили он ба як минтақаи истроҳатии соҳили Ривераи Ховари Миёна ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Ин таҳлука то ҳол идома дорад, зеро Трамп ба ин идеяи ғайриамалӣ то ҳол пофишорӣ мекунад. Ба ҷуз ин, татбиқи чунин иқдом на танҳо ниёз ба неруҳои се баробар бештар нисбат ба ҳамла ба режими Саддам Ҳусейнро дорад, бакли хароҷоти бузургеро талаб мекунад, ки на Вашингтон қодир ба пардохти он аст ва на кишварҳои минтақа. Ҳамчунин, хашми шадид ва маҳкумияти қатъии кишварҳои арабӣ ба кӯчонидани иҷбории мардуми Ғазза сабаби дигарест, ки амалӣ шудани тарҳро ғайримумкин месозад.

Аммо набояд фаромӯш кард, Трамп касест, ки мехост Канада ва Гренландияро ба қаламрави ИМА ҳамроҳ созад, назорати канали Панамаро ба даст гирад ва номи халиҷи Мексикаро иваз намояд ва дар натиҷа харитаи ҷаҳонро дубора шакл диҳад.

Оё танҳо ҳамин нақшаи хатарнок дар бораи Ғазза аст?

Албатта, не! Зеро нақшаҳои боз ҳам хатарноктаре бе он ки вокуниши муносибе ба онҳо дода шавад, дар Ғазза амалӣ шудаанд. Биёед муқоиса кунем:

Кадом яке хатарноктар аст? Овора намудани мардуми Ғазза ё аланга додани ҷанге, ки боиси марги наздик ба 50 ҳазор нафар, захмӣ шудани беш аз 96 ҳазор нафар ва вайрон шудани ҳадди аққал 60% биноҳои Ғазза шудааст. Оворагӣ хатарноктар аст ё идомаи ихтилоф ва муваффақ нашудани фаластиниҳо дар ташкили давлати мустақили худ?

Оворагӣ хатарноктар аст ё он ки Ғазза таҳти назорати гурӯҳи низомии Ҳамос қарор дорад, ки ниме аз роҳбарони он дар паноҳгоҳҳо ва нимаи дигар дар меҳмонхонаҳои бошукӯҳ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки мардуми бечораи Ғазза дар зери ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил қарор доранд?

Оворагӣ хатарноктар аст ё ин ки тасмими сулҳу ҷанг дар Ғазза, дар утоқе дар Бейрут гирифта шавад ва ба фармони Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирад?

Ҷавоб рӯшан аст: ҳамаи инҳо хатарноканд! Ҳам тарҳи Трам, ҳам сиёсати Ҳамос ва ҳам нотавонии роҳбарони Фаластин дар сохтани як барномаи воқеӣ ва ҳамаҷониба барои ояндаи як кишвар.

Чӣ бояд кард?

Аз ҳамин ҳоло бояд ба фикри рӯзи баъди ҷанг буд. Аввалин ва муҳимтарин қадаме, ки бояд пеш аз бозсозӣ ва таъмини оташбас гузошта шавад, таслим кардани идораи Ғазза ба мақомоти расмии Фаластин аст.

Аммо мақомоти Фаластин низ бояд худро ислоҳ кунанд, то битавонанд масъулияти идораи Ғаззаро бар дӯш гиранд ва дар роҳи эҳёи минтақа кӯшиш намоянд. Дар ғайри он, вазъияти феълӣ танҳо як давраи ботил хоҳад буд, ки роҳро барои тарҳҳои боз ҳам хатарноктар мекушояд.

Агар барои рафъи буҳрон тасмими оқилона гирифта нашавад, фаластиниҳо метавонанд ҳама чизро аз даст диҳанд.

Тарҷума аз рӯзномаи “Аш-Шарқ ал-Авсат”

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.