27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:23, Душанбе
04.03.2025 16:46

Ҳамос чӣ гуна ба “Девори ҳушманд”-и амниятии Исроил ворид шуд

Исроил ҳамеша бо қудрати низомии худ ифтихор мекард ва ҳеч вақт фикр намекард, ки душман низ метавонад аз технологияҳои пешрафта истифода кунад. Гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон шояд дар тарҳрезӣ ва омӯзиши амалиёти “Тӯфони Ақсо” нақш дошта бошад.

Арзиши як парамотор (параглайдери мотордор) аз 5 ҳазор доллар зиёд нест. Дар ҳамлаи бесобиқа ва ногаҳонии гурӯҳи Ҳамос ба Исроил дар субҳи рӯзи шанбе, 7-уми октябр ҳамин воситаи парвози сода нақши калидӣ бозид.

Ин амалиёти низомӣ, ки то ҳол идома дорад, шикасти ҷиддии иттилоотӣ, низомӣ ва сиёсии Исроилро нишон медиҳад, ки онро метавон бо ҳодисаҳои ҷанги 6-уми октябри соли 1973 муқоиса кард.

Агарчи Исроил ду сол қабл сохтмони “Девори амниятии ҳушманд”-ро дар марзи худ бо минтақаи Ғазза бо арзиши 1 миллиард доллар ба анҷом расонид, ҷангҷӯёни Ҳамос тавре аз он гузаштанд, ки гӯё ягон девори амниятӣ вуҷуд надошт ва ҳама чиз фантастикӣ ба назар мерасид.

Ин девори бетонӣ, ки қисме аз он дар зери замин ҷойгир аст, бо сенсорҳо, симтурҳои пӯлодин, дастгоҳҳои радарӣ ва силоҳҳои худкори мудириятшаванда муҷаҳҳаз аст. Дарозиаш 65 километр ва баландии он 6 метр буда, аз минтақа Рафаҳ дар ҷануб то Баҳри миёназамин тӯл мекашад.

Баъди сохтумони ин девор мақомҳои исроилӣ таъкид карда буданд, ки Девори ҳушманд миёни минтақаи Ғазза ва урдугоҳҳои артиши Исроил ва шаҳрвандони исроилӣ, ки дар маҳаллаҳои атрофи Ғазза зиндагӣ мекунанд, як монеаи иборат аз оҳан ва сенсорҳоро ташкил медиҳад.

Дар он замон як сарбози артиши Исроил, ки дар воҳиди назорати девори марзӣ бо минтақаи Ғазза хидмат мекард, гуфта буд: “Ҳатто агар як паранда ба болои девор наздик шавад ё як таракани хурд аз зери он гузарад, артиши Исроил онро пай мебарад. Аз ин рӯ, гузаштан аз девор ғайриимкон аст”.

Омили ғофилгирӣ

Тарҳи фиреби стратегӣ, ки дар он аз парамотор, булдозер ва мототсиклҳо истифода мешуд, ба муваффақияти амалиёти низомии Ҳамос кумак кард.

Дар ҳамин робита, як мақоми Ҳамос гуфт: “Дар ҳоле ки Исроил фикр мекард, ки Ҳамос аз ҷанг хаста шудааст ва бо пешниҳоди имтиёзҳои иқтисодӣ ба коргарони Ғазза онҳоро таҳти назорат мегирад, ҷанҷӯёни Ҳамос аксар вақт ошкоро машқ мекарданд”.

Ӯ афзуд: “Гурӯҳи Ҳамос дар минтақаи Ғазза як шаҳраки сунъии исроилиро сохта буд, то барои машқи ҳамла ва фуруд омадани низомӣ аз он истифода шавад”.

Аз тарафи дигар, як мақоми амниятии Исроил гуфт, ки Ҳамос “Хадамоти амниятии Исроилро фиреб дод” ва афзуд “Фаластиниҳо моро бовар кунониданд, ки онҳо танҳо пул мехоҳанд, дар ҳоле ки пайваста машқҳои низомӣ анҷом медоданд ва дар ниҳоят ҳамла карданд”.

Амалиёти бесобиқаи Ҳамос чор марҳила дошт. Марҳилаи аввал бо партоби 3 ҳазор мушак аз Ғазза ба самти Исроил ва ворид шудани ҷангҷӯёни Ҳамос бо парамоторҳо аз деворӣ марзӣ оғоз шуд.

Мақоми Ҳамос гуфт: “Ҳамлакунандагони фаластинӣ баъди фуруд омадан дар тарафи дигари марз назорати амниятии маҳалро ба даст гирифтанд, то як воҳиди сарбозони махсус ба девори амниятӣ ҳамла кунад”.

Баъди рахна кардани қисматҳое аз девор садҳо нафар бо мототсиклҳо, мошинҳои дорои маводи тарканда ва булдозерҳо аз марз гузаштанд.

Сипас, қароргоҳи артиши Исроил дар ҷануби Ғазза ҳадафи ҳамла қарор гирифт, шабакаи иртиботии он халалдор шуд ва сарбозони исроилӣ натавонистанд бо ҳамдигар тамос гиранд.

Марҳилаи ниҳоии ин амалиёт гирифтани гаравгонҳо буд, ки шумораи онҳо садҳо нафар тахмин зада мешавад ва онҳоро ба минтақаи Ғазза бурданд.

Рахнаи Девори амниятӣ бо истифода аз парамоторҳо

Амалиёти парашутбозӣ ба намуди парамоторҳое вобаста буд, ки ҷангҷӯён ба воситаи онҳо худро ба замин партофта, дар маконҳои муайян ва амн фуруд меомаданд.

Ин навъи парамотор ба як василаи нақлиётии хурд бо се чарх монанд аст, ки аз парашют овезон буда, шахси мусаллаҳро мебарад.

Истифодаи парашюти анъанавӣ ва неруи муҳаррики ин парамотор имкон медиҳад, ки он аз замин бархезад ва масирҳои мушаххасро тай кунад, дар ҳоле ки парашютбоз метавонад онро идора намояд.

Чанд моҳ қабл Нимруд Алонӣ, фармондеҳи дивизияи Ғазза дар артиши Исроил ошкор карда буд, ки Ҳамос як воҳиди парашютбозон таъсис додааст, ки метавонад аз марз гузашта, ба маҳаллаҳои атрофи Ғазза бирасад.

Ин фармондеҳи исроилӣ, ки дар ҳамлаи охирини Ҳамос асир афтод, дар он вақт гуфта буд: “Ҷангҷӯёни Ҳамос бо сохтани ин навъи парамоторҳо нишон доданд, ки онҳо таҷриба ва малакаи зиёде ба даст овардаанд”.

Дар ҳамин ҳол, Риёз Қаҳваҷӣ, роҳбари Маркази таҳқиқоти низомии Ховари наздик ва Халиҷи Форс амалиёти ахири Ҳамосро “дар сатҳи як артиш ва на як гурӯҳи мусаллаҳона” арзёбӣ кард ва афзуд: “ин гурӯҳ аз силоҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ истифода мебарад”.

Қаҳвуҷӣ таъкид кард, ки “ин амалиёт ба усули анъанавӣ ва бо хомӯш кардани марказҳои фармондеҳӣ ва назорати артиши Исроил ва ҳамзамон бомбаборон кардани бурҷҳои иртиботӣ анҷом дода шуд”.

Вай афзуд: “Ин боис шуд, ки ҷангҷӯёни Ҳамос тавонанд неруҳои артиши Исроилро дар нуқтаҳои пароканда ҳадаф қарор диҳанд ва сипас ба қароргоҳҳои фармондеҳии артиш ҳамла кунанд.

Ин амалиёт артиши Исроилро дар ҳолати ошӯфтагӣ ва сардаргумӣ қарор дод ва боис шуд, ки даргирӣ чанд рӯз идома кунад.”

Нақши Ҳизбуллоҳ

Риёз Қаҳвуҷӣ афзуд: “Омили ғофилгирӣ барои артиши Исроил амалан ҳалокатбор буд, зеро ҳангоми ҳамлаи ҷангиёни Ҳамос ба урдугоҳи низомии Исроил, сарбозони исроилӣ бо либоси таг (зерҷома) буданд ва ҳатто тупу танкҳоро бо парда пӯшонида буданд.

Ӯ таъкид кард: “Ғофилгирӣ 100 фоиз ба муваффақияти ин амалиёт кумак кард, то ҷое, ки Ҳамос низ аз осонии иҷрои он дар ҳайрат монд”.

Қаҳвуҷӣ гуфт: “Исроил, ки бо тавоноии низомии худ ифтихор мекард, фикр намекард, ки душман низ метавонад аз технологияҳои пешрафта истифода барад. Аз ҳамин сабаб, хеле дер фаҳмид, ки Ҳамос чӣ қудрате дорад”.

Вай бо ишора ба он ки Ҳамос ба шарофати ҳамоҳангии мустақим ва пайваста бо Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бахши низомӣ пешрафтҳои муҳим ба даст овардааст, гуфт: “Эҳтимол дорад, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон дар тарҳрезӣ ва омӯзиши ин амалиёт нақш дошта бошад”.

Қаҳвуҷӣ бар ин назар аст, ки ҳамлаи Ҳамос ба Исроил як намунаи хурде аз ҳар гуна ҷанги оянда миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ бошад ва “ин набардро метавон як паёми Ҳизбуллоҳ ба Исроил арзёбӣ кард”.

Ҷалил Мӯсо, таҳлилгар

Тарҷума аз хабаргузории “Индепендент”-и арабӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.