Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Натиҷаи аввалин. Кадом ҳизб дар парлумон бидуни курсӣ монд?
Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаи интихоботи парлумонии Тоҷикистонро эълон кард.
Тибқи натиҷаи интихоботи парлумонӣ, ки дирӯз доир гардид, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар парлумони кишвар бидуни курсӣ монд.
Бо ҳамин тартиб, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - 12 курсӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 0 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ гирифтанд.
Ҳамчунин, Бахтиёр Худоёрзода дар ҳузури аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, даъвогарони курсиҳои парлумон, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар интихоботи парлумонӣ 85,3 аҳолии кишвар, ки мувофиқи Конститутсия ҳаққи овоздиҳӣ доштанд, иштирок карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад