Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Баҳси Ворух чӣ гуна ҳал шуд? Ташиев гуфт, ки тоҷикҳо 14,4 ҳазор гектар заминро дар ихтиёри худ нигаҳ доштанд
Имрӯз, 27-уми феврал раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар парлумони ин кишвар ҷузъиёти созишномаҳои сарҳадиро шарҳ дод. Муҳимтарин масъала дар баҳси музокироти марзӣ минтақаи Ворухи Тоҷикистон буд.
Расонаҳои Қирғизистон ба нақл аз Қамчибек Ташиев навиштанд, ки чӣ гуна масъалаи Ворух дар музокирот бо мақомоти Тоҷикистон ҳал шуд.
Қамчибек Ташиев шаҳр дод, ки қаблан сокинони минтақаи Ворух 19 ҳазор гектар заминро истифода мекарданд. Ӯ таъкид кард, ки пас аз гуфтушунидҳо 14, 4 ҳазор гектар заминро дар ихтиёри худ нигаҳ доштанд.
“Яъне, онҳо қаблан замини бештарро истифода карда аз сарҳад мегузаштанд. Ин ба шаҳрвандони мо имкон намедод, ки аз он минтақа гузаранд. Ба дархости ҷониби Тоҷикистон 1 ҳазор гектар чарогоҳ, дар наздикии Ворух ба онҳо дода шуд. Дар иваз мо низ ҳамин миқдор чарогоҳ дар минтақаи Қарағанда-Сой дар ноҳияи Чон-Алай гирифтем” - шарҳ дод Қамчибек Ташиев.
Ӯ гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон мехост 5 ҳазор гектар замин гирад, зеро шумораи аҳолии Ворух меафзояд ва баъди муайян шудани сарҳади давлатӣ онҳо дигар наметавонанд, мисли гузашта ба ҳудуди мо ворид шаванд.
“Мо розӣ нашудем, зеро дар он сурат Ворух хеле бузург мешуд” – гуфт Қамчибек Ташиев.
Як минтақаи Қирғизистон ба ҳайси анклав дар дохили Тоҷикистон буд, ки он бо иваз намудани замин роҳи ҳал пайдо кард. Қамчибек Ташиев гуфт, минтақаи анклави Қайрағаш, ки қаблан ба Тоҷикистон тааллуқ дошт, пурра ба ихтиёри Қирғизистон гузашт.
Рӯзи гузашта Қамчибек Ташиев дар вилояти Бонканд гуфт, ки раванди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо як моҳро дар бар мегирад. Баъди имзои сарони ду кишвар ва парлумонҳо эътибори ҳуқуқӣ мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”