Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Суҳбати телефонии Қоҳир Расулзода бо сарвазири Қирғизистон
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сарвазири Қирғизистон Адилбек Қасималиев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногунро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Сарвазирони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати телефонӣ масъалаҳои рӯзмарра дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ду тараф оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, иҷтисод ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Дар суҳбати телефонии Қоҳир Расулзода бо Адилбек Қасималиев созишномаҳои имзошуда оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ду ҷониб аҳмияти гуфтугӯҳои дуҷонибаро таъкид карданд. Таъкид шуд, ки таҳкими робитаҳои дӯстона ва шарикӣ, хусусан пеш аз чорабиниҳои оянда ба манфиати ду тараф аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад