Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Покистон мехоҳад ҳаҷми содирот ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад
Дар мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар бо Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми содирот ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави логистикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои агентии мазкур дар соли 2024 гардиши савдои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон ба 58 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2023 10,1 фоиз зиёд мебошад.
Тоҷикистон ба Покистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ, меваҳои хушк ва алюминий содирот мекунад. Дар муқобил Покистон асосан маҳсулоти сохтмонӣ, доруворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид менамояд.
Зимни мулоқоти дуҷониба ҳарду тараф дар хусуси гуногунсозии содироти маҳсулоти тоҷикӣ, таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дастрасии маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалӣ ба воситаи бандарҳои баҳрии Карочӣ, Гвадар ва Қосими Покистон гуфтугӯ намуданд.
Ҳамчунин, ду ҷониб масъалаҳои бартараф сохтани монеаҳои тиҷоратӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва имзои созишномаҳои нав дар заминаи сода намудани содироту воридотро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон дар поёни мулоқоти дуҷониба ба тафоҳум расиданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ва тақвияти робитаҳои дуҷониба дар бахши соҳаҳои тиҷорат ва логистикаро густариш диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”