27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
18.02.2025 10:51

Муовини президенти Эрон: «Мо метавонем ниёзҳои Тоҷикистонро таъмин кунем»

Муҳаммадризо Ориф, муовини президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмуаи таърихии “Саъдобод”-и Теҳрон аз сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол намуда, таъкид кард, дидори дуҷониба ва ширкат дар ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазар ду ҳадафи асосии сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Эрон аст.

Муовини президенти Эрон таъкид кард, ки равобити сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар беҳтарин шароит қарор дорад. Ӯ ишора намуд, ки сафари Масъуд Пизишкиён ба шаҳри Душанбе баёдмонданӣ буд ва меҳмоннавозии бисёр арзишманди ҳукумати Тоҷикистон стратегияи ҳамаҷонибаи рушди ҳамкориҳоро нишон медиҳад.

“Имрӯз дар идомаи стратегияҳои мавриди назар бо нахуствазири Тоҷикистон вориди баҳсҳои амалӣ шудем ва хулосаамон ин буд, ки хушбахтона, иқтисоди ду кишвар метавонад такмилдиҳандаи ҳамдигар бошад. Мо метавонем дар бахшҳои мухталиф ниёзҳои Тоҷикистонро таъмин кунем” – таъкид кард Муҳаммадризо Ориф.

Муовини президенти Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки бояд бахши хусусӣ фаъол шавад ва ҳукуматҳои ду кишвар барои осон намудани равобити дуҷонибаи бахшҳои хусусӣ иқдомҳои лозимро анҷом дищанд. Ӯ ба бекор шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ишора намуда, афзуд, ки он заминаро барои ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф фароҳам мекунад.

“Талош хоҳем кард, бо осон намудан заминаро барои зуҳури бахши хусусии ду давлат, бахусус дар бахшҳои хизматрасонии техникӣ ва муҳандисие, ки бо бунгоҳҳо ва ширкатҳои хос, ки дар минтақа низ ҳузури фаъол доранд ва фаъолияти онҳо мавриди ризояти корфармоён аст, фароҳам кунем. Бо ин асос ҳамкориҳои худро бо кишвари Тоҷикистон идома медиҳем” – таъкид кард Муҳаммадризо Ориф.

Муовини президенти Эрон хабар дод, ки нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар рӯзи оянда бо ҷамъе аз вазирони эронӣ нишасти муштарак хоҳад дошт ва дар ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кард, ки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоси Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба Тоҷикистонро арҷ мегузорад. “Музокироти имрӯза дар фазои дӯстона ва бо эътимод ба ҳамдигар сурат гирифт”.

Сарвазири Тоҷикистон бо ишора ба сафари Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мо ҷонибдории худро аз ҳамкории ду давлат дар заминаҳои мухталиф эълон кардем: “Итминон дорам, ки санадҳои имзошудаи миёни ду кишвар заминаи мусоидро барои ҳамкориҳои дуҷониба фароҳам мекунад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.