Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода ба ҳайси меҳмони вижа ба Эрон сафар хоҳад кард
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо даъвати муовини аввали президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф имрӯз (17.02.2025) барои ширкат дар ҳамоиши иқтисодӣ ба Теҳрон сафар хоҳад кард. Дар ин хусус расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд.
Тибқи иттилои расонаҳо Қоҳир Расулзода бо ҳайати баландпояи Тоҷикистон вориди Теҳрон хоҳад шуд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони вижа дар сеюмин Ҳамоиши иқтисодии Хазар ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Ҳамоиши иқтисодии Хазар аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон барномарезӣ шуда, дар он кишварҳои ҳавзаи Хазар ширкат ва дар робита ба масоили иқтисодӣ гуфтугӯ мекунанд. Ҳадафи он пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкории иқтисодӣ ба манзури рушди иқтисоди минтақавӣ аст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар бо мақомоти олии Эрон, аз ҷумла президенти ин кишвар, раиси Шурои исломӣ (парлумон) ва дигар сохторҳои олии Эрон дидор ва мулоқот хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад