Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ва Қазоқистон барои интиқоли барқи “Роғун” шартнома имзо мекунанд
Вазирони хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар оянда созишнома дар соҳаи ҳамкориҳои энергетикиро имзо хаҳанд кард. Дар ин хусус, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни гуфтушунид бо Мурат Нуртлеу, муовини сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона ба тавофуқ расиданд.
Тибқи иттилои расонаҳо созишномаи зикршуда масъалаи интиқол ва таъмини барқи истеҳсолшудаи аз неругоҳи барқӣ-обии Роғунро дар бар мегирад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар аст.
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ оид ба самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ сухан намуда, афзуд, ки баррасии таъсиси корхонаи муштараки коркарди тухми офтобпараст, оғози фаъолияти Бонки фаръии Қазоқистон “Freedom Bank” дар Тоҷикистон, сохтани маркази логистикии муштарак барои кишоварзӣ ва содирот, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 100 ширкати қазоқистонӣ фаъолият менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”