Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар 3 сол дар кишвар 200 ширкати сайёҳӣ ба кор оғоз кардааст
Дар давоми се соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ширкати сайёҳӣ сабти ном шуда, ба фаъолият оғоз кардаанд.
Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар ин хусус иттилоъ дода, афзуд, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хеле зиёд шудааст.
Тибқи омори Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахон 35 адад, дар шаҳри Душанбе 94 адад, дар вилояти Суғд 42 адад, дар вилояти Хатлон 18 адад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 адад ширкатҳои сайёҳӣ иҷозатнома гирифта, ба фаъолият оғоз кардаанд.
Ҷамшед Ҷумахонзода дар нишасти матбуотӣ афзуд, Кумита пайваста ширкатҳои ватаниро таъкид мекунад, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ба таври зарурӣ ҳамкорӣ кунанд.
“Нақши ширкатҳои хориҷӣ дар зиёд гардидани ҷаҳонгардон ба мамлакати мо хеле муҳим аст, зеро онҳо сайёҳонро ба мамлакат ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, барои зиёд гардидани шумораи сайёҳон дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби Кумита таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад”- таъкид кард Ҷамшед Ҷумахонзода.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, 214 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 адад маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъол мебошанд.
Президенти кишвар дар паёми солонаи хеш дар соли 2024 ба масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода буданд, ки барои беҳтар намудани сифати хизматросонӣ инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳон бунёд гардад. Таъкид шуда буд, ки барои ҷалби бештари сайёҳон шароити мусоидро бояд фароҳам кунанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон он вақт таъкид намуда буданд, ки шумораи сайёҳон дар соли 2024 ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2019 12 фоиз зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки барои амалӣ намудани дастур ва супоришҳои роҳбари кишвар як қатор чорабиниҳоро дар соли 2025 амалӣ мекунанд: “Яке аз вазифаҳои муҳимме, ки дар назди мо гузошта шудааст, ин бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, кӯшиш менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ин камбудиҳоро давра ба давра ислоҳ намоем”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”