Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сафари гардишгарони рус ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Шумораи сайёҳони русе, ки дар соли 2024 ба Тоҷикистон сафар кардаанд, афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҷамшед Ҷумахонзода шумораи дақиқи сафари сайёҳони рус ба Тоҷикистонро зикр намуд: “334 ҳазор русҳо ба Тоҷикистон омадаанд, ки албатта, моро хушнуд мекунад”.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъкид кард, ки мақомоти кишвар дар самти ҷалби сайёҳони рус барои боздид намудани Тоҷикистон аҳамияти зиёд медиҳад, зеро дар ин самт иқтидори бузург вуҷуд дорад.
Ҷамшед Ҷумахонзода дар посух ба суоли хабарнигори “ТАСС” гуфт, ки сайёҳони рус асосан дар вақти истироҳат ба Тоҷикистон ташриф меоваранд.
Ӯ таъкид кард, ки масъалаи реклама ва шиносоии муҳити Тоҷикистон, бахусус манзараҳо ва ҷойҳои зебои он барои сайёҳони рус ҳал нашудааст ва ин яке аз мушкилоти ҷалби онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2024 барномаи мобилиеро бо номи “Turist Mar Tajikistan” роҳандозӣ кард, ки дар он маълумот дар хусуси маршрутҳо, меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо ҷой дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”