27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
14.02.2025 11:51

С. Лавров: “Тоҷикистон ва Русия иттифоқчиёни санҷидаи замонанд”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати Сергей Лавров ба  Федератсияи Русия сафар намуда, дар формати маҳдуд ва васеъ дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти миллиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар зимни баррасии масоили ҳамкориҳо ба амалӣ намудани созишномҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Яке аз мавзуъҳои асосии мулоқоти дуҷониба ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират буд. Вазирони ду кишвар ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, таъкид карданд. Онҳо чораандешӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро махсус таъкид намуданд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид кард, ки дар замони мараккаби геополитикӣ муносибатҳои ду кишвар устуворона рушд мекунанд. Ӯ бо зикри ин ки Тоҷикистон ва Русияи иттифоқчиёни санҷидашудаи вақт мебошанд ва ба ҳамкориҳои гуногунҷанба такя мекунанд, гуфт: “Муносибатҳо бо субот рушд мекунанд, ҳатто дар шароити имрӯз, ки агар ба таври мулоим гӯем, душвор аст”.

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров аз пуштибонии Тоҷикистон аз лоиҳаҳо ва ташаббусҳо барои густариши таҳсилоти русзабон дар Тоҷикисон сипосгузорӣ намуда, афзуд: “Бо дархости дӯстони тоҷикистонӣ барои соли хониши ҷорӣ миқдори квотаҳои ҳукуматиро то 1000 ҷой афзоиш додем. Ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар муносиботи мо бо кишварҳои хориҷӣ дар ин соҳа мебошад”.

Сергей Лавров таъкид кард, ки бар асоси супориши президентҳои ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони марказ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва бинои нави Театри драмаи русии ба номи Маяковский ба имзо расид. Ӯ афзуд, ки ба наздикӣ бунёди ҳар ду бино оғоз хоҳад шуд.

“Мо аз дастгирии Шумо дар авлавияти раёсати Русия дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли гузашта қадр мекунем. Мо аз афзалиятҳои шумо пуштибонӣ мекунем ва бовар дорем, ки раёсати шумо муваффақ хоҳад буд” – зикр кард Сергей Лавров.

Сироҷиддин Муҳриддин дар суҳбат бо Сергей Лавров масъалаи ҳуқуқи муҳоҷирони Тоҷикистонро баррасӣ намуда, дар хусуси ширкат намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашн  80-солаги Ғалаба чунин гуфт: “Мо бо худ паёми ҷавобии президенти Тоҷикистонро ба президенти Русия овардем, ки дар он тасдиқ шудааст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ҷашн бахшида ба 80 – солагии Ғалаба - 9 –уми май дар Москва иштирок мекунанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.