Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Азим Иброҳим: “Тоҷикистон хоҳиши сармоягузорӣ дар Чобаҳори Эронро дорад”
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо вазири нақлиёт ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ таъкид кард, ки Тоҷикистон хоҳиши сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳори Эронро дорад. Ӯ афзуда, ки сохтмони Роҳи оҳани Чобаҳор-Зоҳидон бояд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
Фарзона Содиқ, вазири нақлиёт ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба шаҳри Женева сафар кардааст, бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дидор ва гуфтугӯ намуд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо бар рушди робитаҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ таъкид карда, масъалаҳои қаблан созишшударо баррасӣ намуданд.
Ду тараф дар ҷараёни мулоқот масъалаи визаи ронандагонро мавриди баррасӣ қарор доданд ва ҷониби Тоҷикистон ваъда дод, ки барои осон намудани визаи ронандагон талош хоҳад кард.
Вазири эронӣ Фарзона Содиқ пешниҳод намуд, ки барои омӯзиши масири роҳи автомобилгарди Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон тадқиқот гузаронида шавад. Ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди вазири эронӣ истиқбол кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”